Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Русия дар роҳи тақвияти ҳамкориҳо дар бахши энергетика



Мирзонабии Холиқзод

Андешаҳои таҳлилгарон дар бораи ин ҳамкориҳо ва дурнамои онҳо.

Тоҷикистон 25-уми август амалан интиқоли барқи худро ба Русия аз роҳи Узбакистон ва Қазоқистон шуруъ намуд. Дар ин бора муовини вазири энергетикаи Тоҷикистон, Саидмуъмин Шарифов, рузи сешанбе ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ин иқдоми Тоҷикистон дар чаҳорчуби як созишнома байни ширкати ЕЭС-и Русия ва ширкати "Барқи Тоҷик" сурат мегирад. Мувофиқи ин санад неруи барқ аз неругоҳи Нораки Тоҷикистон, 70 километрии ҷануби пойтахти кишвар дар ҳаҷми 5 миллион киловат соат дар як шабонаруз интиқол меёбад.

Саидмуъмин Шарифов дар робита ба ин мегуяд: "Мо ҳамаруза миқдори мухталифи неруи барқро ба Русия интиқол медиҳем. Масалан дар як руз 6 миллион киловатт соат, баъзе руз 8 миллион, баъзе руз 2 миллион, рузи 25-ум 6 миллион киловат соат неруи барқ интиқол додем."

Ба гуфтаи Шарифов, Русия дар иваз маблағ ва таҷҳизоту афзорҳои лозим барои сохтмони неругоҳҳо ба Тоҷикистон медиҳад. Шуруъи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Русияро коршиносон як қадами муҳими ҳамкории амалии ин ду кишвар ҳисобида, онро ба ҳам наздикшавии Маскаву Душанбе донистаанд.

Таҳлилгарон мегуянд, ахиран баҳси Русия ва Тоҷикистон дар мавриди бунёди пойгоҳҳои Русия дар ин кишвар то дараҷае дар муносибати дипломатии ду тараф сардӣ пеш овард. Беш аз 300 миллион доллар талаби Душабе дар ивази пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва пойгоҳи назорати кайҳонии "Окно" дар Норак Русияро нохушнуд кард.

Вале коршиноси тоҷик Суҳроб Шарифов мегуяд, аз ин ки Русия дар масъалаи пойгоҳҳо дар Тоҷикистон забон наёфтааст, ба ин маъно нест, ки Русия аз ин кишвар даст мекашад, баръакс талош хоҳад кард, аз роҳҳои дигар домани Душанберо аз даст надиҳад: "Ман фикр мекунам, ки ҳоло манфиати асосии Русия, ин Тоҷикистонро дар зери таъсири геополитикии худ нигоҳ доштан мебошад. Ва ин чизро Русия метавонад, танҳо бо роҳи равнақ додани муносибатҳои иқтисодии амалӣ ба даст орад. Танҳо ба ҳамин роҳ, зеро Тоҷикистон тағйир меёбад, имконоти дигар пайдо мекунад. Давлатҳои зиёди дигар пайдо шуда истодаанд, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон сармояи зиёд ворид кунанд."

Суҳроб Шарифов мегуяд, Иёлоти Мутаҳидаи Амрико ва кишварҳои ғарбро дар назар дорад, ки дар чанд соли ахир бо барномаҳои махсуси иқтисодӣ ва хайрия ба Тоҷикистон фаъолона кумаки иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мерасонанд. Ва ин ҳузури Русияро барои Тоҷикистоне, ки дар ҳоли фақр мебошад ва ба пул ниёз дорад, то дараҷае камаҳмият месозад.

Коршиносон ба ин назаранд, ки Русия бо ин ҳол кушиш дорад, дар тарҳҳои якҷоя ҷиҳати сохтмони неругоҳҳои Сангтуда ва Роғун ҳузури коҳишёфтаи худ дар Тоҷикистонро аз нав эҳё кунад.

Мутахассисони соҳаи энергетикаи Тоҷикистон мегуянд, азбаски таҷҳизоти соҳаи энергетикаи Тоҷикистон мероси шуравист, он имкон медиҳад Русияву Тоҷикистон ҳамкории мувофиқ ба роҳ андозанд. Муовини вазири энергетикаи Тоҷикистон Саидмуъмин Шарифов дар робита ба ин мегуяд: "Азбаски тамоми иншооти гидроэнергетикии мо замони шуравӣ сохта шудаанд, аз ин ҷиҳат варианти хуби ҳамкорӣ бо Русия аст. Таҷҳизоти неругоҳҳову шабакаҳои мо дар қаламрави шуравӣ аз ҷумла Русия сохта шудаанд, аз ин ҷиҳат кор осонтар мешавад."

Коршиноси дигари тоҷик Раҳматулло Валиев мегуяд, нишасти Шурои байниҳукуматии кишварҳои узви ЕВРАЗЕС дар Душанбе, апрели соли равон нишон дод, ки ин кишварҳо талош доранд дар бозсозии неругоҳи Роғун ва Сангтуда амалан ширкат кунанд ва барои худ системаи ягонаи энегетикиро ба вуҷуд оранд, ки дар ин масъала Русия бештар аз дигарон манфиатдораст: "Русия ҳавасманд аст, ки дар сохтмони неругоҳҳои Тоҷикистон саҳм гузорад, зеро Тоҷикистон кишвари хурд аст ва дигар мамолик метавонанд ба ҷои Русия сармоягузорӣ кунанд. Русия агар ин корро накунад, на фақат Тоҷикистон, балки Осиёи Марказиро аз даст медиҳад."

Таҳлилгарони масоили минтақа мегуянд, дар ҳоли ҳозир Русия кушиш дорад, дар сохтмони неругоҳҳои хурду миёна дар канораи рудхонаи Панҷ ва дарёи Вахш ширкат кунад.

Мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ин масъала мегуянд, Русия воқеан мехоҳад, дар чунин барномаҳо ширкат дошта бошад, вале маблағ надорад. Ба гуфтаи бархе аз манобеъи ғайримустақими Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир марказҳои таҳлилӣ ва омузишии Иёлоти Муттаҳида чун донишгоҳи Ҳарвард, Маркази пажуҳиши Осиёи Марказӣ дар назди донишгоҳи Ҳопкинс ва марокизи дигар дар ҳоли омузиши масоили мазкур ҳастанд.

XS
SM
MD
LG