Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди Ҷаҳонии Табиати Ваҳшӣ: "Бабри кӯҳӣ дар Тоҷикистон зери хатари нобудист."



Салими Аюбзод

Райиси ин бунёд мегӯяд, дар бозорҳои сиёҳ дандон, чангол, гӯшт, пӯст ва устухони бабри кӯҳӣ бо ҳазорон доллар ба савдо меравад.

Бунёди Ҷаҳонии Табиати Ваҳшӣ имрӯз як баёнияи ташвишангез нашр намуд, ки бабри кӯҳӣ ва ё барфӣ, ки дар куҳистони Осиё ба сар мебарад, дар ҳоли нобудист. Хидматчиёни ҳарбӣ, сайёҳони ғарбӣ ва табибони мардумӣ ба таври ғайриқонунӣ бабри кӯҳиро ҳадафи шикор қарор медиҳанд, баъзеҳо барои пӯсташ, баъзеи дигар бо бовари табобатӣ будани равған ва ё дигар аъзояш.

Бунёди табиати ваҳшӣ ва ниҳодҳое монанди шабакаи "Траффик" ва Конуни байнулмилалии ҳифзи бабри кӯҳӣ хабар медиҳанд, тиҷорати аъзои бадани бабр дар ҳамаи кишварҳое сурат мегирад, ки ҳанӯз ин ҳайвони нодир он ҷо боқӣ мондааст. Монанди Афғонистон, Бутан, Чин, Ҳиндустон, Непал, Тоҷикистон, Русия ва Покистон. Онҳо мегӯянд, ҳоло дар сартосари ҷаҳон ҳамагӣ 4 то 7 ҳазор сар бабри кӯҳӣ боқӣ мондааст.

Райиси Бунёди табиати ваҳшӣ, Стюарт Чапман мегӯяд, дар бозорҳои сиёҳи Аврупо ва Осиё, дандон, чангол, гӯшт, пӯст ва устухони бабри кӯҳӣ бо ҳазорон доллар ба савдо меравад. Ин навъи бабр дурдасттарин ва дастнорастарин кӯҳистонро барои зист интихоб намуда, худро бо шароити сахт мутобиқ гардондааст, мегӯяд Чапман, ва дар он ҷо ҳам инсон онро ором намегузорад.

Маҳв шудани бабри кӯҳӣ аз бохтҳои бузурги башарият хоҳад буд, хулоса мекунад райиси Бунёди табиати ваҳшӣ Стюарт Чапман.

XS
SM
MD
LG