Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Душанбе вориди Долони Шимол-Ҷануб мешавад



Салими Аюбзод



Ҳукумати Тоҷикистон омодагӣ дорад, қарордоди байнулмилалии Долони Нақлиётии Шимол - Ҷанубро ба имзо расонад. Баррасии узвияти Тоҷикистон дар ин паймони нақлиётӣ чандин бор дар ҷараёни нишастҳои гуногун баррасӣ шудааст, аммо то ҳол намояндагони ҳукумати Тоҷикистон нагуфтаанд, ки дар пайи ин узвият хоҳанд буд.

Долон ва ё ба истилоҳ коридори нақлиётии Шимол - Ҷануб, шабакаи шоҳроҳҳое хоҳад буд, ки қарор аст, аз Мумбайи Ҳинд то Санкт Петербурги Русия доман паҳн кунад ва интиқоли молро миёни кишварҳои урупоӣ ва осиёи ҷанубу шарқӣ осон гардонад.

Ин тарҳ, ки ҳанӯз дар соли 1960 аз тарафи Комиссияи иқтисодию иҷтимоии Созмони Милал пешниҳод шудааст, ҳадаф дорад, равобити тиҷоратиро миёни даҳҳо мамлакат густариш ва нархи интиқоли мавод ва сафари одамонро ба маротиб коҳиш диҳад.

То ҳол Ҳиндустон, Русия, Эрон, Қазоқистон ва Беларус ба ин созишнома имзо кардаанд. Уммон низ гуфтааст, мехоҳад узви ин паймон бошад. Дар ҳоли бунёд, бозсохту тармими шабакаҳои мавҷуда ва ба ҳам васл кардани роҳҳои заминӣ, оҳан ва обӣ бахши аъзами мавод аз Урупо ба Осиёи Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ то Уқёнуси Ором ва баръакс, на ба воситаи Канали Суэтс, балки мустақиман ҳаракат хоҳанд кард, ки 20 дарсад арзонтар хоҳад буд.

Беҳбуди вазъ дар Афғонистон ва қарордоди ахир миёни Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Ӯзбакистон умедвориҳоро ба боз шудани масирҳои нав дар ин тарҳ нирӯ бахшид ва сохтмони Нақби Анзоб дар Тоҷикистон имконияти робитаҳои нақлиётиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ. Ҳарду таҳаввулот узвияти Тоҷикистонро дар барномаи байнулмилалии нақлиётии тезонидаанд.

XS
SM
MD
LG