Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боз 4 нафарро аз Маскав ихроҷ мекунанд



Мирзои Салимпур



Рузи ҷумъа додгоҳи минтақаи Измайловои шаҳри Маскав се шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қирғизистонро бо иттиҳоми нақзи шароити иқомат дар Маскав ба ихроҷи маъмурӣ аз қаламрави Русия маҳкум кард. Дар ин бора як шоҳиди айнӣ, ки дар ҷараёни муҳокимаи парвандаи ин гуруҳ дар додгоҳ ҳузур доштааст, ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Ҳамаи ин чаҳор нафар ҳамин рузи ҷумъа дар ҷараёни як амалиёти идораи сабти иқомат ё худ УВИР дар ҳудуди бозорҷойи Черкизово боздошт шуда буданд.

Феълан маҳкумшудагон дар шуъбаи 51-уми милисаи шаҳри Маскав нигоҳ дошта мешаванд ва аммо қарор аст, то замони маълум шудани таърихи дақиқи ихроҷи ба истилоҳ "маъмурӣ"-ашон аз ҳудуди Русия онҳоро ба як боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол диҳанд.

XS
SM
MD
LG