Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузориши Банки Аврупоии Бозсохт ва Рушд дар бораи Тоҷикистон



Аббоси Ҷаводӣ

Банки мазкур мегуяд, Тоҷикистон пешрафт кардааст, вале ҳануз ҳам мушкилоти зиёд гиребонгираш аст.

Банки Аврупоии Бозсохт ва Рушд бо интишори таҳлили стратегии худ аз авзои Тоҷикистон гуфт, ин кишвар дар ду соли ахир дар заминаи демократияи чандҳизбӣ, плюрализм ва иқтисоди бозор пешрафт кардааст, аммо ҳануз мушкилоту чолишҳои зиёде бар сари роҳ ҳастанд.

Дастгоҳи адлия заиф аст ва ба аз байн бурдани коррупсия кумак намекунад. Тамдиди муҳлати президент мояи нигаронист. Баъд аз маъракаи зиддитерористӣ дар Афғонистони ҳамсоя амнияти берунии Тоҷикистон беҳбуд ёфт, аммо ин кишвар ҳануз аз таҳҳавулоти дохилии Афғонистон зарбапазир аст ва ҳануз роҳи муҳими транзитӣ барои ҳамли маводи мухаддири Афғонистон ба Русия ва Аврупост. Ва ин вазъ ба ғайр аз рискҳои мавҷуд ба вазъи иҷтимоиву сиҳати мардум сарчашмаи асосии ҷинояткорӣ дар ҷомеаи тоҷикро ташкил медиҳад.

Банки Аврупоии Бозсохт, ки яке аз муҳимтарин ҳимоятгарони ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон аст, мегуяд, Тоҷикистон фақиртарин кишвари ҳамкор бо ин банк аст. Даромади солонаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2002-ум иборат аз 186 доллар буд ва 83 дар сади мардум поинтар аз хатти фақр зиндагӣ мекунанд. Аксари ин мардуми бебизоат бо кишоварзӣ машғуланд ва ба ёрии давлат ниёзманд ҳастанд, дар ҳоле ки бахши хусусии хориҷ аз кишоварзӣ то кунун натавонистааст, кор ва шуғли зиёде ба мардуми бебизоат таъмин кунад.

Соли 2002-ум ҳукумати Тоҷикистон бо кумаки созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Банки аврупоӣ, Барномаи коҳиши фақрро қабул ва шуруъ ба иҷрои он намуд. Дар ин замина ваъдаҳои нави кумак ба пешрафти кишвар дода шуд. Аммо дар айни ҳол ҳукумат огоҳ карда шуд, ки бояд авлавиятҳои худро дар заминаи сармоягузорӣ муаяйн кунад ва таъмини молии онҳоро мушаххас намояд.

Банки аврупоӣ бо вуҷуди ташхиси пешрафти муҳим дар заминаҳои иқтисодӣ ва молии Тоҷикистон ба се заминаи мушаххас ишора мекунад. Тоҷикистон бояд шароити пешрафти сектори хусусиро аз тариқи хусусигардонӣ ва эҳтимолан лағви муассисаҳои калони давлатӣ ва беҳбуди шароит барои сармоягузорӣ, махсусан ислоҳи дастгоҳи идорӣ ва ҳукуматӣ таъмин кунад.

Низоми молияро тавре ислоҳ кунад, ки ба талаботи муассисаҳои хусусии Тоҷикистон, махсусан ширкатҳои хурду миёна ҷавоб диҳад ва идораи молӣ ва амалии муассисаҳои сектори давлатиро беҳбуд бахшад, то касри молӣ коҳиш ёбад ва шароит барои сармоягузорӣ хубтар шавад.

Банки аврупоӣ дар поён мегуяд, Тоҷикистон шадидан вобаста ба нақлиёт ва бозорҳои минтақа, яъне Осиёи Марказист ва бидуни ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии минтақавӣ пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар бисёр мушкил хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG