Пайвандҳои дастрасӣ

Банки аврупоӣ Тоҷикистонро таъриф кард



Аббоси Ҷаводӣ



Банки Аврупоии Бозсохт ва Рушд бо интишори таҳлили стратегии худ аз авзои Тоҷикистон гуфт, ин кишвар дар ду соли ахир дар заминаи демократияи чандҳизбӣ, плюрализм ва иқтисоди бозор пешрафт кардааст, аммо ҳануз мушкилоту чолишҳои зиёде бар сари роҳ ҳастанд.

Дастгоҳи адлия заиф аст ва ба аз байн бурдани коррупсия кумак намекунад. Тамдиди муҳлати президент мояи нигаронист.

Баъд аз маъракаи зиддитерористӣ дар Афғонистони ҳамсоя амнияти берунии Тоҷикистон беҳбуд ёфт, аммо ин кишвар ҳануз аз таҳҳавулоти дохилии Афғонистон зарбапазир аст ва ҳануз роҳи муҳими транзитӣ барои ҳамли маводи мухаддири Афғонистон ба Русия ва Аврупост. Ва ин вазъ ба ғайр аз рискҳои мавҷуд ба вазъи иҷтимоиву сиҳати мардум сарчашмаи асосии ҷинояткорӣ дар ҷомеаи тоҷикро ташкил медиҳад.

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG