Пайвандҳои дастрасӣ

Баргардони пулҳои мардум шуруъ шуд



Мирзонабии Холиқзод



Субҳи рузи ҷумъа, 22 август баргардонии пулҳои хурди мардум дар ҳаҷми то 1000 доллар аз тарафи хазинадорони ширкати "Ҷамол-компания" воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе дар ҳузури намояндагони додситонии кулл ва мақомоти интизомии Тоҷикистон шуруъ шуд. Дар ин руз беш аз 200 нафар пулҳои худро пас гирифтанд.

Қабл аз оғози пасгардонии пул, муовини аввали додситонии кулли Тоҷикистон Азизмад Имомов дар назди садҳо мардуми ба истилоҳ "ҷабрдида" суханронӣ намуд ва шарту шароит ва роҳи баргардонии пули онҳоро аз тарафи ширкати "Ҷамол-Компания" тавзеҳ дод.

Бар асоси феҳрасте, ки аз тарафи додситонии кулл тартиб дода шуда буд, мардум бо навбат дохили хазина ё кассаи дафтари "Ҷамол-компания" мешаванд ва пули худро пас мегиранд.

Дар назди хазинаи "Ҷамол-компания" дар онҷое, ки мардум пули худро соҳиб мешаванд ба хотири ҷилавгирӣ аз суистифода аз ҳуҷҷатҳо як гуруҳи махсуси назоратӣ аз тарафи мақомоти интизомии кишвар монда шудааст.

Бар пояи иттилоъи додситонии кулли Тоҷикистон, дар муддати 6 моҳи фаъолияти ширкати "Ҷамол-компания" беш аз 300 000 шаҳрвандони Тоҷикистон ҷалб шуда муҳра харидаанд.

XS
SM
MD
LG