Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситорасозии телевизиони Тоҷикистон аз президент Эмомалӣ Раҳмонов



Хиромони Бақозода

Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ инро аломати идомаи ҳаракати давлати у ба суи низоми худкома меномад.

Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ, мақараш дар Лондон, менависад, чеҳраи доимии оинаи нилгуни Тоҷикистон симои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов аст. ТВТ намоиши ҳар як қадами президент, чӣ дар нишасти аъзои ҳукумат, чӣ дар мулоқоташ бо намояндагони созмонҳои байнулмилал ва чӣ дар майдонҳои кишти картошкаро амри зарурӣ медонад.

Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ менависад, Эмомалӣ Раҳмонов ситораи телевизиони тоҷик гаштааст. Аксар вақт, барои пахши нишастҳои ҳукумат, ки бо раёсати президент доир мешаванд, ширкати "Тоҷиктелерадиоком" бидуни огаҳии пешакӣ ва бо қатъи барномаҳои телевизиони РТР, дар тамоми шабакаҳои мавҷудаи телевизионӣ ҷараёни ин нишасти ҳукуматиро ба намоиш мегузорад.

Дар қисмати аввали моҳи августи соли ҷорӣ тамошобинони тоҷик ба ҷуз аз тамошойи чеҳраи ошнойи раисҷумҳури худ дигар интихобе надоштанд. Наргис Зокирова, хабарнигори Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ мегуяд, чунин рафтори ҳукумат пеш аз ҳама нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар интихоби барномаҳои телевизионӣ аст, зеро на ҳар кас хоҳиш дорад рафти ҷаласаҳои дилгиркунандаи ҳукуматиро тамошо кунад.

Наргис Зокирова: "Вақтҳои охир чунин тамоюле мушоҳида мешавад, ки дар вақти суханронии раҳбари давлат дар ТВТ ҳамзамон намоиши барномаҳои ягона телевизиони хориҷии РТР ҳам қатъ мешавад. Ва аз ин ру, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳатто ҳаққи интихоб ва имконияти тамошои шабакаи дигари телевизиониро надоранд. Ин нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар интихоби маълумот ва интихоби маълумоти алтернативӣ аст. Ба андешаи ман, онҳо ҳақ надоранд чунин рафтор кунанд. Қатъи барномаҳои ТВТ ба хотири пахши суханрониҳои президент як амали қобили фаҳм аст, аммо онҳо ҳақ надоранд ба қатъи барномаҳои телевизионҳои хориҷӣ бидуни қарордоди пешакӣ даст зананд"

Наргис Зокирова, хабарнигори тоҷик мегуяд, дар суҳбатҳои хусусӣ кормандони телевизиони давлатии Тоҷикистон ба у гуфтаанд, ки қатъи барномаҳои РТР танҳо ба хотири ишколи фаннӣ аст, чунки мавҷҳои ТВТ наметавонанд кулли манотиқи Тоҷикистонро фаро бигиранд, тавре ки чунин имкониятро РТР дорад. Ба ин хотир ва барои ба истилоҳи мақомот "таъмин кардани аҳолии сартосари Тоҷикистон бо фазои баробари иттилоотӣ", онҳо ба чунин тадбир ру меоранд.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раҳбари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар мусоҳиба ба пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ гуфтааст, ин як амали сиёсӣ ва иштибоҳии ҳукуматдорон аст. Ба андешаи у, чунин рафтори ҳукумат намунаи рушани майли Тоҷикистон ба суи низоми худкома мебошад. Таҳлилгари Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ мегуяд, сохторҳои ҳукуматӣ бо майли чеҳранигории беш аз пеш дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон режими шахспарастиро талқин мекунанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ба хубӣ ҳодисаи қатъи пахши барномаҳои ҳама шабакаҳои телевизионӣ дар кишварро дар мисоли ҳодисаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001 ёд доранд. Шоми он руз, замоне ки кулли телевизионҳои ҷаҳон, бо шумули РТР-и Русия, ба таври мустақим ҳодисаҳои бархурди тайёраҳоро ба иморатҳои Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат дар Ню-Йорк намоиш медод, ногаҳон бо мусиқии бозарбае дар экран ТВТ пайдо шуд ва бо тантанаи хоси худаш пахши филми мустанадеро зери унвони "10 қадами устувор" шуруъ кард, ки дар васфи комёбиҳои президент Раҳмонов дар роҳи сулҳи Тоҷикистон буд. Аммо пахши филм он руз нахустнамоиш набуд, зеро то он вақт ТВТ чандин бор шаҳрвандони Тоҷикистонро бо қадамҳои устувори президент Раҳмонов ошно карда буд.

XS
SM
MD
LG