Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рузи ҷумъа додани пули мардум сар мешавад



Мирзонабии Холиқзод



Муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон Азизмад Имомов рузи панҷшанбе дар як гуфтугуи ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, шуруъ аз рузи ҷумъа баргардонидани пулҳои дар ширкати муҳрафурушии "Ҷамол энд Компани" гузоштаи аҳолӣ оғоз мешавад.

Оқои Имомов гуфт, дар марҳалаи аввал танҳо онҳое ҳисобӣ карда мешаванд, ки дар ин корхона то 1000 доллари амрикоӣ маблағ гузошта буданд. Аммо пули онҳое, ки сармояашон дар ширкати "Ҷамол" бештар аз ин буд, дар марҳалаи баъдӣ баргардонида хоҳад шуд.

Барои гирифтани пули худ ҳар кадом саҳомдори ширкати "Ҷамол" бояд бо ҳуҷҷатҳои лозима ба дафтари корхона муроҷиъат кунад. Бозпардохти пули аҳолӣ аз ҷониби "Ҷамол энд Компани"-ро мақомоти додситонии кулл низ назорат хоҳанд бурд.



XS
SM
MD
LG