Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон боз бе гази табиӣ монд



Абдуқайюми Қайюмзод



Интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистон ба вижа дар шаҳри Душанбеву навоҳии атрофи он ва манотиқи ҷанубии кишвар аз шоми рузи 20 август қатъ шуд. Мақомоти корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикгаз" гуфтанд, тавзеъи гази табиӣ ба иллати рух додани садама дар лулаи аслии газгузар қатъ шудааст.

Светлана Карасева, муовини раёсати хоҷагии идораи "Тоҷикгаз" гуфт, феълан корҳои таъмир ва барқароркунии лулаи газ идома дорад. Ба гуфтаи вай, аз Узтрансгаз як барқия расид, ки дар он аз садамаи лулаи газгузар дар қитъаи Муборак-Келиф воқеъ дар қаламрави Туркманистон хабар дода мешавад. Ба ҳамин далел интиқоли гази табиӣ дар Душанбе ва навоҳии атрофи он қатъ гардид. Танҳо бо истифода аз имконоти дохилӣ ба Корхонаи Алюминий ва Заводи нуриҳои азотии Вахш гази табиӣ интиқол меёбад.

Хонум Карасева масъули идораи "Тоҷикгаз" ҳамчунин гуфт, ки Тоҷикистон аз Узбакистон дар мавриди пардохти ҳаққи газ қарздор нест. Аммо барои истифодаи минбаъда аз гази табии Узбакистон муввазаф шудааст, маблағи онро қаблан пардохт кунад.

Қатъ шудани интиқоли гази табиӣ боиси кундии фаъолияти муассисоте гаштааст, ки аз гази табиӣ истифода мекунанд. Хусусан камбуди гази табиӣ ба ҳаракати нақлиёти мусофирбар дар дохили шаҳри Душанбе таъсири чашмгир гузошта, ҳамлу нақли сокинонро ба мушкил дучор кардааст.

Аз ибтидои соли равон то кунун ин бори шашум аст, ки ба далели садама дар лулаи газ ба гуфтаи масъулон, интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистон қатъ мешавад.

XS
SM
MD
LG