Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пирамидаи молӣ" чист?



Искандари Хоҷа Мирзода

Чаро мардум ба зудӣ ба фиреби ин ширкатҳо дода мешаванд?

Дар камтар аз ду ҳафта баъди ҷаласаи маъруфи ниҳодҳои интизомии ҳукумати Тоҷикистон бо иштироки муовини сарзири Тоҷикистон Сайдамир Зуҳуров фаъолияти ширкати "Ҷамол-Компания" мутаваққиф гардида, раҳбари ширкат Ҷамшед Сиёев ва сармуҳосиби у Вячеслав Цой бо айбномаи муомилоти ғайриқонунӣ, фаъолияти бонкии бидуни муҷаввиз ё худ литсензия ва азхудкунии амволи аҳолӣ боздошт шуданд.

Эҳтимол ниҳодҳои интизомӣ аз он қаноатманд бошанд, ки ба авомфиребӣ хотима бахшиданд. Аммо он шахсоне, ки охири ҳафтаи гузашта дар назди бинои Додситонии Кулли Тоҷикистон ҷамъ шуда буданд, фикри дигар доранд: "Чаро уро намонданд, ки кор кунад, пули моро гардиш диҳад. Ман ҳашт сол боз иҷоранишин ҳастам, акнун чӣ кор мекунам, пули қарзгирифтаамро чӣ гуна бармегардонам.

Қарз гирифтем ба ҳамин ширкат додем, то аз ҳисоби фоидаи он барои кудакон сару либоси мактабӣ бигирем. Пулҳоямонро нагирифта Ҷамшеда дошта бурданд."

Аввалин дафъа дар даҳ соли ахир мардум дар ру ба руи бинои ҳукумат ҷамъ шуда, баргардони пулҳои худро талаб намуд. Ба гуфтаи онҳо, Сиёев дар маҳбас аст ва хазинаи ширкатро ҳукумат мусодира кард. Аммо муовини додситони кулли Тоҷикистон Азизмат Имомов мегуяд: "Бо чор моддаи Кодекси Ҷиноӣ парванда кушодем, тафтиш идома дорад. Раҳбари ширкат ҳабс шуда бошад ҳам вале муовинаш ҳаст, сармуҳосибаш ҳаст, бояд пули мардумро гардонида диҳанд. Мо амр додем, пули мардумро баргардонда диҳанд."

Азизмад Имомов ҳамчунин ба мухбири Итар Тасс гуфт, ҳангоми мусодира дар хазинаи ширкат 500 ҳазор доллар ёфт шуд ва акнун ин сармоя бояд ҳар чӣ зудтар ба шумори бештари сармоягузорон баргардонида шавад.

Дар суҳбате бо хонуми хонашини тоҷик Янгаи Ҳадявӣ, ки яке аз мизоҷони "Ҷамол-Компания" мебошад, пурсидам, ки чаро аз боздошти раҳбарони ширкат хушҳол нест?

Вай гуфт: "Агар ин мард пули моро гирифта, ғайб мезад, гапи дигар буд. Аммо мақомот уро маҳкам карданд, магар намешуд, ки ба у вақт медоданд, муддати як ё ду моҳ пули мардумро бармегардонд. Мо аз моҳи март инҷониб бо ин ширкат кор мекардем ва фоидаашро ҳам гирифтем. Акнун намедонем, чӣ мешавад ҳама саргардон аст, мераванд назди прокуратура обшапак мекунанд, пеш мекунанд, як рузи сиёҳ аст, ҳеҷ кас ба додамон намерасад."

Аз муҳаррири нашрияи "Азия Плюс" Марат Мамадшоев пурсидам, ки дар масъалаи фаъолияти ширкати "Ҷамол-Компания" чӣ фикр дорад ва чаро маҳз ҳозир ҳабси раҳбарони ин ширкат ба вуқӯъ пайваст? Вай гуфт: "Фикри шахсии ман ин аст, ки ин ширкат авомфиребӣ мекунад. Аммо худи ман ҳам мехоҳам, аз додситонӣ ва ниҳодиҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот пурсам, ки чаро маҳз ҳозир фаъолияти ин ширкат мавриди таъқиб қарор гирифт. Тахмин кардан мумкин аст, ки....... Шояд онҳо дар аввал ба он эътибор надоданду вақте ки кори "Ҷамол-Компания" вусъат ёфта, хавфи афзоиши ба истилоҳ "Қурбониҳо" зиёд шуду он метавонист сабабгори инфиҷори иҷтимоӣ гардад, қарор қабул шуд, ки ба ин бизнес хотима дода шавад.

Боз ҳам метавон тахмин кард, ки шояд дар баъзе марҳилаҳо мақомот, дақиқтар гуем, баъзе афроди ҳукумат бо ин ширкат ба шакле иртибот доштанд. Котиби масъули Ҳизби Демократи Тоҷикистон, Раҳматулло Валиев, низ бар ин фикр аст, ки бе сарпарасти муҳим дар ниҳодҳои ҳукуматӣ ширкати "Ҷамол-Компания" ба чунин фаъолияти васеъ муваффақ намешуд: "Ин як ҷанбаи амнияти Тоҷикистон аст. Чаро ин ширкат шаш моҳ кор кард, кумитаи амният, вазоратҳои қудратӣ пеши онро нагирифтанд. Чаро таввасути телевизион эълон кардан, ки ин фиреб аст, вале роҳи фиребро нагирифтанд. Дар ин ҷо айби на танҳо ширкати "Ҷамол-компания" ҳаст, айби ҳукумати Тоҷикистон ҳам ҳаст, ки натавонист, амнияти мардум сармояи мардумашро ҳифз кунад."

Раиси Шӯъбаи кафолатҳои конституционии ҳуқуқи шаҳрвандони назди идораи президенти Тоҷикистон хонум Гулчеҳра Шарифова мегуяд, ки ҳукумат аллакай дар паи иҷрои ҳамин барнома аст: "Ҳозир механизми соддаеро барои бозгадони зудтарин маблағҳои сармоягузорон баррасӣ доранд. Касе масъаларо тул доданӣ нест. Ҳама манфиатдори бозгардони босуръати маблағҳои сармоягузорон мебошанд. Кор рафта истодааст. Дар вазъи кунунӣ ҳукумат, ба фикрам кушиш дорад, ки аз тавсиаи минбаъдаи ин пирамида ва аҳмақсозии мардум ҷилавгирӣ кунад."

Фиребу тақаллуби мардуми зудбовар дар тули мавҷудияти башарият вуҷуд дошт. Аммо ташкили пирамидаҳои молӣ дар шакли имруза ихтироъи асрҳои миёна аст ва авввалин ба истилоҳ "ҳарамҳои молӣ" ҳамзамон бо пайдоиши пули коғазӣ ва саҳмияҳои гаронбаҳо бунёд гардидаанд.

То ҳол ташхиси дақиқи истилоҳи "пирамидаи молӣ" таълиф нашудааст ва он вобаста ба кишвару минтақа аз ҳам фарқ мекунад. Дар байни унсурҳои ин падида фоизи фавқулодда баланди фоида ё худ дивидент ва пардохти пули зиёд, ки асосан аз ҳисоби пули сармоягузорони нав тақдим мешавад, зикр гардидаанд. Сониян, ба қавли коршиносон пирамидаи молӣ ба маъракаи фарохи тарғибу реклама эҳтиёҷ дорад.

Хуллас, ҳар ниҳоди молӣ, ки на аз ҳисоби сармоягузорӣ дар сектори воқеии хоҷагии халқ, балки аз ҳисоби ҷалби сармоягузорон фоида мебардорад, расман "пирамидаи молӣ" ном гирифта, мавриди таъқиби қонунӣ дар як идда кишварҳои олам аст.

Ҳамин тариқ аввалин пирамидаи молӣ дар шакли муосир соли 1711 зери унвони "Ширкати Баҳрҳои Ҷанубӣ" дар Британия ташкил шуда, дар давоми даҳ сол бо дастгирии гуруҳе аз қонунгузорони ришвахор ва пуштибони воситаҳои ахбори умум даҳҳо миллион фунти сармоягузорон ва ҳатто ҳукуматро ба ин суву он су, вале дар ниҳояти амр ба ҷайбҳои хос ҷой дод. Ширкат ҳаққи монополии ҳамлу нақли ашёву мусофирон бо кишварҳои Амрикои Ҷанубиву Марказиро, ки мебоист дар оянда кашф шавад, дар даст дошт. Ҳар сари чанд вақт нашрияҳои британиявӣ пешгуӣ мекарданд, ки ба зудӣ роҳҳои нави рафтуомад ба Амрико кашф мешаванд ва саҳмдорони ширкат фоидаи фавқулодда калонро соҳиб хоҳанд шуд.

Шакли дигари пирамидаи молӣ зоҳиран бо истеҳсолот машғул буда, саҳмияҳои худро ҳамчун сармоягузории лоиҳаи мушаххас вонамуд мекунад. Дар ин робита асосгузор "Ширкати Муттаҳидаи сохтмони канали байниуқёнусии Панама" мебошад, ки дар солҳои 1880 то 1889 дар Фаронса фаъол буд. Раҳбари ширкат Фердинанд Лесепс дар давоми нуҳ сол ваъда медод, ки ба зудӣ канали пайвасткунандаи Уқёнуси Орому Атлантик бунёд гардида, саҳмдорон ба истилоҳ "зери зару зевар" мемонанд.

То замони муфлисшавии ширкат ва аз эътибор соқит шудани саҳмияҳои он дар соли 1889 ҳадди аққал се дафъа нашри силсилаи нави авроқи гаронбаҳои канали Панама бо муваффақият ба фуруш рафтанд. Агар худи ман ҳамон вақт дар Фаронса мебудам, ҳатман аз Ширкати канали Панама саҳмия мехаридам. Мепурсед, чаро? Чунки ҳар касе, ки таърихи Ховари Миёнаро хондааст, медонад, ки Фердинанд Лесепс муаллифи идея, лоиҳа ва бунёди канали Суэц аст. Ин гузаргоҳи обӣ дар соли 1869 ба истифода супурда шуд. Он баҳри Миёназаминро бо баҳри Сурх пайваста, зарурати чарх задани киштиҳо дар атрофи Африқоро аз байн бурда, вақту масофаи рафтуомади Аврупову Осиёро тахминан панҷ мартаба кутоҳ кард.

Эҳтимол ҳамин омилро ташкилкунандагони пасипардагии "Ширкати канали Панама" истифода бурданд, ё ин ки саривақт нафаҳмиданд, ки барномаи сохтмони канали Суэтс ба канали Панама мувофиқ намеояд ва ё ин ки Лесепс дар охирҳои умраш ба ҳаннот табдил ёфт.

Ҳуқуқшиносон иқрор мешаванд, ки гунаҳгор эълон кардани пирамидаҳо ё худ ҳарамҳои молӣ осон нест. Вақте дар Русия пирамидаи МММ-и Сергей Мавродӣ дар тобистони соли 1994 фуру рехт, қиммати ҳар саҳмия аз 25 ҳазор то 125 ҳазор рубл баланд шуда буд. Мавродӣ тирамоҳ вакили Думаи Давлатӣ интихоб шуда, аз маҳбас раҳо ёфт. У то баҳори соли 1995 ду дафъа саҳмияҳои нав нашр намуда, сипас ғайб зад. Моҳи феврали соли равон Сергей Мавродӣ боздошт шуд, вале то ҳануз айбномаи ниҳоии у ва муҳокима дар додгоҳ оғоз наёфтааст.

Баъди шикасти Мавродӣ ҳукумати Русия бо нашри саҳмияҳои кутоҳмуддати баландфоиз худ ба бунёнгузори пирамида табдил ёфт, ки аз соли 1994 то соли 1998 фаъол буда, билохира бо буҳрони молии моҳи август маъруф бо номи дефолт ба анҷом расид.

Солҳои навадум дар Албания якчанд ширкати шабеҳи "Ҷамол Компания" сармояи ҳаштод дар сади аҳолии кишварро дар дасти худ ҷамъ карданд. Пули муҳоҷиронии кории албанӣ аз кишварҳои мухталифи Аврупо, хонаву мошин ва моликияти дигари ба гарав гузошта шудаи аҳолии ин кишвар дар дасти се - чор ширкат ҷамъ шуда буд.

Аммо баъди фурупошии ногузири ин ширкатҳо Албания ба вартаи буҳрони амиқи сиёсиву иҷтимоӣ афтид, ки дар ниҳояти амр сабаби аз байн рафтани ҳукумати Салӣ Бериша гардид.

Дар як суҳбате бо хонум Алма Чупӣ шореҳи Радиои Озодӣ дар пойтахти Албания хоҳиш кардам, он рузҳоро ба ёд орад. Вай гуфт: "Мардум дар он вақт гумон доштанд, ки пулҳоро ҳукуматдорон гирифтаанд. Вале ин фикр ғалат буд, На президент Салӣ Бериша, на сарвазир ва на дигар мансабдорони воломақом бо онҳо сару кор надоштанд. Ҳамаи ширкатҳо хусусӣ буданд. Шояд вазифаи ҳукумат сари вақт мутаваққиф сохтани фаъолияти ҳамин пирамидаҳои пулӣ буд. Вале ҳукумат қудрати қатъи ин ҷараёнро надошт. Тамоми аҳолӣ дар ширкатҳо пул гузошта буд. Ҳатто метавон гуфт, қатъи фаъолияти ширкатҳо хатарнок буд, зеро онҳо тамоми пули кишварро назорат мекарданд. Ва ниҳоят вақте эътирозҳо дар соли 1996 оғоз ёфтанд, мардум президент Салӣ Беришаро муттаҳам намуда, аз у пул талаб мекарданд. Мардум медонист, ки ширкатҳо пули онҳоро баргардонида наметавонад, вале пулҳоро давлат мусодира карда, бар бонкҳо ҷой дода буд. Ҳамзамон вақти мусодира давлат ваъда дода буд, ки маблағҳои ҳар фардро пурра бармегардонад. Мардум муддате ба ин паёмҳо бовар мекард, вале пулҳо ҳеҷ гоҳ барнагаштанд. Мо ҳозир дар соли 2003-ум ҳастем то ҳол пули касеро боз пас нагардондаанд."

Алма Чупӣ тасдиқ кард, ки ду ширкати хурд тахминан даҳ дар сади сармоягузориҳои хурдтаринро баргардониданду халос. Эътирозҳои пай дар ҳами чандин моҳаи албаниҳо дар соли 1996 ба маъракаи саркашии дастаҷамъӣ ва баъдан аз байн рафтани ҳукумати президент Салӣ Бериша поя гузоштанд.

Чалма Чупӣ мегуяд: "Имруз дар Албания ин ҳодисаро ҳамчун хоби даҳшатнок ба ёд овардан ҳам намехоҳанд. Ва то ҳануз қонуне бар зидди ташкили ин гуна ширкатҳо қабул нашудааст."

Як омили мусбати пайдоиши пирамидаҳои молӣ имкони пулғундории аҳолӣ мебошад, яъне кишвар бояд ба як марҳилаи муайяни некуаҳволӣ бирасад. Дар даҳҳо китобу рисолаи илмӣ, ки ба таъсису тарзи фаъолияти пирамидаҳои молӣ бахшида шудаанд, се шарт: "иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ" ёд мешаванд.

Аввалан, шарти иқтисодӣ ин аст, ки мардум дар бораи вазъи хоҷагии кишвар, лоиҳаҳои сармоягузории эҳтимолӣ ва фаъолияти ҳукумату соҳибкорон маълумоти кофӣ надошта бошанд. Яъне кори ин ниҳодҳо шаффоф набошад.

Шарти иҷтимоӣ ин аст, ки издиҳоми мардум бояд ба артиши раҳбарони пирамида табдил ёбад. Бо истифода аз воситаҳои ахбори умум суҳбатҳои ҳамсояву наздикон ва намунаҳои сарватмандшавии касоне эътимод ба ширкат бунёд гардад.

Ва шарти сеюм равонӣ аст, ки бештар ба соддалавҳиву зудбоварии коршарикони пирамидаҳо марбут мешавад. Аз ин ҷост, ки одатан дар байни сармоягузорони пирамидаҳо занон, занони хонашин нақши асосӣ доранд.

Дар ҳамин ҷо суоле ба миён меояд, ки он сеҳру ҷодуи раҳбарони пирамидаҳои молӣ чист, ки итминони мардум пурра ба онҳо моил мешавад. Масалан, чаро кушишҳои ҳукумат ва ҷалби сармояҳо то ҳол натиҷае наовардааст? Чӣ бояд кард? Бо ишора ба сармоягузории мардумии Гэси Сангтӯда аз котиби масъули Ҳизби Демократи Тоҷикистон Раҳматулло Валиев шарҳи ин падидаро пурсон шудам?

Вай гуфт: "Мардуми Тоҷикистон ба ҳукумати ин кишвар эътимод надорад. Масалан аз саҳмияҳои Сангтуда, ки ба мардум фурухтанд, то ҳол касе фоида нагирифтааст ва онҳоро касе ёд ҳам намекунад.

Хуб эътимод нест..... Ҳукумат чӣ кор кунад ва чӣ ҳам карда метавонад? Дар ин бора муҳаррири нашрияи "Азия Плюс" Марат Мамадшоев чунин назар дорад: "Ошкор гуем, вазъи ҳукумат номуносиб аст. Чӣ коре, ки накунанд, ҳукумат дар ҳоли муҳофизат мебошанд. Дар шаҳр овозаҳо паҳн шудаанд, ки мақомот аз кори раҳбарони ширкати "Ҷамол-Компания" норозӣ буда, дар амал мехоҳанд, раҳбаронро табдил намуда, одамони худро дар ҷои онҳо монанд. Ман таъкид мекунам, ки ин овозаҳо асос надоранд, вале мавҷудияти овозаҳо гувоҳи он аст, ки ҳозир эътимод ба ҳукумат хеле паст мебошад. Мехоҳам илова кунам, ки ҳамзамон бо қабули қонунҳои ҷилавгиркунанда аз ин гуна фаъолиятҳо зарур аст, ки ташкили ҷойҳои корӣ ташвиқ шавад, сармоягузорӣ ташвиқ шавад, Агар одамон интихоб медоштанд, ҷои корӣ медоштанд, ман бовар дорам, ки шумори қурбониҳои ин пирамидаи молӣ камтар мебуд."

Фурупошии пирамидаҳои молӣ ба амонатгузории мардум ва бозори авроқи гаронбаҳо таъсири манфӣ дорад. Вале агар ҳукумат хулосаҳои дуруст барорад, коҳиши амонатгузорӣ метавонад мисли Фаронса ба кушиши харҷи маблағҳо, яъне муҳимтарин омили афзоиши истеҳсолоту иқтисод мубаддал гардад.

Донишмадони аврупоӣ менависанд, ки бо назардошти шароити ин ва ё он кишвар пайдоиши пирамидаҳои молиро пешгӯй кардан мумкин аст, вале вале эҷоди иммунитети комил аз пирамидаҳои молӣ то ҳануз ихтироъ нашудааст. Бо кумаки таҷҳизоти муосир ва имконоти техникии онҳо ташкили пирамидаҳои молӣ низ ба воситаи интернет ва ғайра тараққӣ меёбад.

Пирамидаҳое сохта шудаанд, ки берун аз марзҳои як кишвар мебошанд ва ҷилавгирӣ аз онҳо қабули қонунҳои нави байналмилалиро дар миён мегузорад. Вале осонтарин роҳи ҷилавгирӣ аз фиреб назорати иштиҳои молӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG