Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабарнигорону милисаҳо ҷанҷол карданд



Салими Аюбзод



Нуздаҳуми август онҳое, ки дар муомила бо ширкати "Ҷамол-компания" аз сармояҳои худ маҳрум шудаанд, ба пешниҳоди Додситонии Кулли Тоҷикистон дар бораи навиштани баёнот ва талабномаи бозгардони маблағҳои худ розӣ шуданд.

Дар ин руз наздики 500 нафар, ки дар назди бинои додситонӣ ҷамъ шуда буданд, аризаҳои худро ба додситонӣ супурданд.

Додситонии Кулли Тоҷикистон мегуяд, бозгардони маблағҳои хусусии шаҳрвандон, ки ширкати "Ҷамол-компания" ҷамъоварӣ кардааст, баъди шумориши ҳамаи захираҳои молии ин ширкат имконпазир хоҳад шуд.

Иброҳим Кимсанов, вакили дифоъии райиси ширкати "Ҷамол-компания", дар бораи вазъи шахси таҳти ҳимояи худ Ҷамшед Сиёев ва фазойи пажуҳишҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, сиҳатии вай хуб аст ва фишор ҳам болои у нест.

Тибқи хабари дигар дар ин руз ру ба руи ширкати "Ҷамол-компания", дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе, байни милиса ва гуруҳи журналистон моҷаро ба амал омад.

Шабакаи "Интернюс" хабар дод, ки намояндагони Радиои Би Би Си, Телевизиони Эн Ти Ви ва худи ин шабака ҳангоми наворбардорӣ аз ҷамъомади шаҳрвандон дар назди дафтари ширкати "Ҷамол-компания" ва анҷоми мусоҳиба бо одамон мавриди бадмуомилагӣ ва таҳдиди кормандони милиса қарор гирифтанд.

Дар номаи эътирозии худ ба унвони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, онҳо менависанд, ки кормандони умури дохилӣ журналистонро дар шурондани вазъият айбдор карда, аз онҳо хостаанд, ба мошини милиса шинанд ва ба бахши ноҳиявӣ раванд.

Тибқи ин нома ронандаи райиси идораи корҳои дохилии ин минтақа бо алфози қабеҳ журналистонро ҳақоратборон кардааст ва худи райиси идора низ дар ин маврид дар дохили мошин будааст. Дар ҳоле ки аз издиҳоми мардум ва асосан занон ба ҳимояти журналистон бархостаанд, милиса занонро калтак задааст.

XS
SM
MD
LG