Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раводиди ҳабси Ҷамшед Сиёев содир шуд



Раҳматкарими Давлат



Додситонии кулли Тоҷикистон раводиди ҳабси Ҷамшед Сиёев, раиси ширкати "Ҷамол-компания"- ро, баъд аз се рузи боздошти муваққат содир кард. Ҷамшед Сиёев дар анҷоми муомилоти ғайриқонунӣ бо шаҳрвандон ва даст задан ба фаъолияти бонкии бидуни муҷавизи хос ва аз худсозии воситаҳои молии аҳолӣ мутаҳам шудааст.

Раводиди ҳабси Ҷамшед Сиёев дар ҳоле содир мешвад, ки амрномаи додситонӣ дар мавриди бозпас додани пули мардум аз ҷониби ширкати "Ҷамол-компания" иҷро намешавад. Ва масъулони ширкат мегуянд, ба далели ин ки корхонаашон аз ҷониби додситонӣ муҳр зада шуда ва ҳисобҳои бонкии онҳо баста шудааст, наметавонанд маблағҳои мардумро бозпас гардонанд.

Вале эътирозоти мардум дар атрофи идораи додситонӣ ва ҷодаҳои марказии пойтахт ҳамчунон идома дорад. Ин мардум мегуянд, сари калобаашонро гум кардаанд ва намедонанд, кӣ онҳоро фиреб додааст. На касе аз додситонӣ на аз мақомоти ҳукумат ва на аз масъулони ширкати "Ҷамол" барои онҳо посухи мушаххасе намедиҳад, ки чаро мардум наметавонад пули худашро пас бигирад.

Аммо дар ҳамин ҳол полис тадобири шадиди амниятиро дар атрофи қасри раёсати ҷумҳурӣ идораи доситонӣ ва ширкати "Ҷамол-компания" руи даст гирифтааст. Атрофи хонаи Ҷамшед Сиёев низ дар иҳотаи шабона рузии милисаҳо қарор гирифтааст.

Аз минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистон, ки шуъбаҳои ширкат фаъолият дошт, низ хабар мерасад, ки мардум ба эътироз даст зада ва бозгардонидани маблағҳояшонро талаб доранд.

XS
SM
MD
LG