Пайвандҳои дастрасӣ

Як муҳрафуруши дигар боздошт шудааст



Маъсум Имомов



Манбаъҳо аз Додситонии Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Низомӣ Абдуллоев - сарвари ширкати хусусии "Фарорун", ки додситонӣ уро дар қаллобӣ ва аз худ намудани 200 ҳазор сомонии 2 ҳазор сокини вилояти Суғд муттаҳам медонад, дар Бишкек пойтахти Қирғизистон боздошт шудааст. Вале додситонӣ ин хабарро расман тасдиқ накардааст.

Додситонии шаҳри Хуҷанд мегуяд, тафтиши парвандаи ҷиноии ин фард идома дорад. Файзулло Воҳидов сармуфатиши додситонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, Низомӣ Абдуллоев - сарвари собиқи ширкати "Фарорун" - бо роҳи қочоқ ба Тоҷикистон марҷон ворид намуда, дар ҳаҷми 197 ҳазор сомонӣ пули беш аз 2 ҳазор сокини вилоятро ба гарав гирифта, сипас ғайб зад.

Ашхосе, ки ба ивази кашидани муҳра ба ришта фоизи баланди пул ваъда гирифта буданд, то кунун натавонистаанд, сармояи ниҳодаашон дар ин ширкатро бозпас бигиранд. Ба гуфтаи Файзулло Воҳидов ҳангоми кофтукови корхонаи "Фарорун" 42 ҳазор сомонӣ мусодира шуда буд, ки он танҳо пас аз қарори додгоҳ ба қурбониён баргардонида мешавад.

Раҳбари ширкати "Фарорун" Абдуллоев Низомӣ шаҳрванди Русия буда, вале тули соли 2002 дар устони Суғди Тоҷикистон зиндагӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG