Пайвандҳои дастрасӣ

Пули мардумро кӣ медиҳад?



Раҳматкарими Давлат

Мақомот низ дар ин маврид то кунун посухи дурусте ба қурбониёни ширкати "Ҷамол-компания" надодаанд.

Бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз таҷаммуъ ва тазоҳуроти мардуме, ки дар муомилот бо ширкати "Ҷамол-компания" фиреб хурдаанд, дар шаҳри Душанбе нируҳои таъиноти махсус вориди саҳна шудаанд.

Полис ва нируҳои таъиноти вижа тамоми хиёбон ва ҷодаҳоеро, ки ба маркази пойтахт васл мешаванд, баста аст ва рафтуомад дар ин ҷодаҳоро маҳдуд кардааст. Бо ин вуҷуд, афроди зиёде дар гушаҳои мухталиф гирди ҳам омада ва талаб доранд, то маблағҳои онҳо боз гардонида шавад.

Ба рағми он ки Додситонии Кулли Тоҷикистон рузи гузашта аз тариқи телевизион эълон кард, ки дастури бозгардонидани маблағҳои шаҳрвандонро бо масъулини ширкати "Ҷамол" додааст, аммо то кунун касе натавонистааст, маблағи гузоштаи худро аз ин ширкат пас бигирад. Онҳо мегуянд, амри додситонӣ дар бораи додани пули шаҳрвандон иҷро намешавад: "Барои чӣ додситон дуруғ мегуяд. Гуфтанд Наврузова пули шуморо бармегардонад, вале дар "Ҷамол-компания" Наврузова кор намекунад. Барои чӣ гуфтанд, пули моро бармегардонанд гуфта ваъда доданд, вале дуруғ мегуянд. Мо то ҳозир пулҳоямонро нагирифтем. Гуфтанд, ки рузи душанбе меравед, кассаҳо боз мешаванд, пулҳоятонро мегиред, вале ҳеҷ касса боз нашуд.

Ман 600 доллар монда будам, (зани дигар) ман хонаамро фурухта муҳра гирифтам. Прокурори генералӣ гуфт, ки бо ин ширкат кор накунед, чаро як моҳ пеш сари роҳи ин ширкатро нагирифт. Прокуратура низ гунаҳкор аст, ки медонист ин ширкат қаллоб аст, вале сари роҳи онро нагирифт."

Робиа, як зани 35 сола, модари 3 фарзанди ноболиғ ва сокини шаҳри Душанбе бар ивази 2 ҳазор долар муҳра гирифтааст. У мегуяд: "Ман хонаамро фурухтам, додарам хонаашро фурухт. Мо бо фоиз пул гирифтем, мо маош намегирем, моро давлат ягон тин намедиҳад. Шавҳари ман дар Русия аст. Пули моро давлат гирифтагӣ аст, на Ҷамол, агар ин одам мегурехт, гапи дигар буд."

Аз муовини додситони кулл Азизмат Имомов иллати иҷро нашудани амри додситониро дар бораи бозпас додани маблағи шаҳрвандон аз ҷониби ширкати Ҷамол пурсидам. У гуфт ҳамоно интизори ба иҷро расидани амр аст: "Амрнома додем, ҳар ҷо, ки бошад, пули мардумро бояд ёфта диҳад. Ҳарчанд раҳбари корхона ҳабс шуда бошад ҳам, вале ҷонишинаш ҳаст, сармуҳосибаш ҳаст, бояд пулро ба мардум баргардонанд. Мо амр додем, ки аввал пули мардуми камбағаларо, ки 100 ё 200 доллар гузоштаанд, баргардонда диҳанд. Мо дақиқ гуфтем, ки пули мардумро, ки гирифтед, бе фоиз ҳам бошад баргардонед."

Аммо масъулини ширкати "Ҷамол-компания"-ро ба мушкил метавон пайдо кард. Дари ин корхона воқеъ дар канораи шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Ленин баста аст ва полис касеро намегузорад ба он наздик шаванд. Бо вуҷуди ин як масъули ширкат дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, имкони бозпас додани маблағҳо дар айни ҳол вуҷуд надорад, зеро ҳисобҳои бонкии корхона баста аст ва додситонӣ маблағи мусодиранамудаашроо ба корхона бознагардонидааст.

Ба ҳамин тартиб, моҷарои муҳрабизнес дар Душанбе идома дорад. Сари калоба ҳануз пайдо нест. Аммо мардуми умедвор миёни идораи додситонӣ ва қасри раёсати ҷумҳурӣ ҳамоно роҳ мепаймоянд. Ҳарчанд бо гузашти вақт андак-андак умедро низ аз даст медиҳанд.

XS
SM
MD
LG