Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ мегуяд, корхонаи "Ҷамол" муваззаф шудааст сармояи мардумро баргардонад



Раҳматкарими Давлат

Аммо раҳбарияти ширкат мегуяд, бидуни имзои Ҷамшед Сиёев аз суратҳисобаш пул гирифта наметавонад.

Қазияи боздошти раиси ширкати Ҷамолкампания ва манъи фаъолияти ин корхона мунҷар ба як мушкили иҷтимоӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон шудааст. Азизмат Имомов, иҷрокунандаи вазифаи додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ба масъулини ширкати "Ҷамол" дар мавриди бозпас гардонидани маблағҳои марум амрномаи додситонӣ додааст.

Оқои Имомов афзуд: "Баъзе шаҳрвандон дар ваҳму тарс буданд, ки он маблағҳое, ки ба ин корхона супурда шудааст, баргардонида намешавад. Лекин мо ҳамаи чораҳоро дида истодаем, ки ин маблағҳо баргардонида шавад. Аз он ҷумла ман ба муовини мудири кулли ҳамин корхона Наврузова амрномаи додситонӣ дода, талаб кардам, ки баҳри ба шаҳрвандон ва мизоҷон баргардонидани маблағҳояшон ҳамаи чораҳоро андешад."

Аммо Шамсия Наврузова, муовини мудири кулли ширкати "Ҷамол", ки гуфта мешавад амрномаи додситонӣ ба у супурда шудааст, мегуяд, дар айни ҳол имкони бозпас додани маблағҳои шаҳрвандонро надорад, зеро ин маблағ феълан дар ихтиёри у қарор надорад.

У гуфт: "Бидуни дастури худи мудири кулли ширкат ва дар ҳоле, ки маблағҳо дар бонк ҳаст, ман чунин кореро наметавонам анҷом диҳам, касе маро масъули ин кор накардааст. Кадом маблағро ман ба мардум боз гардонам, вақте маблағ аз бонк бо имзои мудири кулл гирифта мешавад? Маблағи нақдро бошад аз корхона кормандони додситонӣ ҳабс ё мусодира карданд. Ман ин гуна масъулият надорам."

Дар ҳамин ҳол, Саидамир Зуҳуров - муовини сарвазири Тоҷикистон дар идораи додситонӣ бо ҷамъе аз ашхоси ҷамъомада дар назди идораи додситонӣ мулоқот кардааст. У ваъда додааст, ки мақомот талош хоҳанд кард, то маблағҳои мардум ба онҳо бозпас гардонида шавад.

Аммо Ҷамшед Сиёев, раиси ширкати "Ҷамол" ҳамчунон дар боздошти муваққат ба сар мебарад ва додситонӣ иҷозаи ҳабси уро то кунун содир накардааст.

Ба ҳамин тартиб, муноқиша миёни мардум, мақомот, додситонӣ ва ширкати "Ҷамол" идома дорад. Дар бозор, куча, туйхона ва маъракаҳои оши наҳор мавзуи аввали мавриди гуфтугу сарнавишти нофарҷоми тиҷорати муҳра аст.

XS
SM
MD
LG