Пайвандҳои дастрасӣ

Издиҳом озодии Сиёевро металабид



Раҳматкарими Давлат



Барои дуввумин рузи пайдарпай тазоҳуроти мардум дар пуштибонӣ аз раиси ширкати "Ҷамол энд компани" ва барои бозпас гирифтани маблағҳои гузоштаашон бар ивази муҳра идома дорад. Майдони пешини "Шаҳидон" ё хамгашти хиёбонҳои Рудакӣ ва Исмоили Сомонӣ дар рубаруи қасри раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои таҷаммуъ ва тазоҳуроти ҷамъи бузурге аз ин ашхос буд. Дар ин майдон умдатан занон гирди ҳам омада буданд ва тақозо мекарданд, то Ҷамшед Сиёев - раиси ширкати мазкур раҳо шавад, то битавонад маблағҳои онҳоро бозпас гардонад.

Аммо нируҳои интизомии пойтахти Тоҷикистон аз гирдиҳамоии ашхос дар рубаруи қасри раёсати ҷумҳурӣ талош мекарданд, то ҷилавгирӣ кунанд. Нируҳои пулис, ки дар сафи онҳо худи раиси милисаи шаҳри Душанбе низ буд, бо истифодаи зур ин афродро пароканда месохтанд. Бархе аз ин ашхосро нируҳои пулис савори автобус намуда ба самти номаълум мебурданд.

Ба назари бархе аз таҳлигарон, манъи фаъолияти "Ҷамол энд компани" як гуна пайомади рақобат дар бозори молии дохилии кишвар аст.

Нархи арзҳои хориҷӣ тайи чанд рузи охир ба маротиб ҳатто аз қиммати таъиннамудаи Бонки Миллӣ поинтар рафт ва ба назари таҳлилгарон, ин вазъ ба манофеи афроди ҷудогонаи соҳибнуфуз дар системаи бонкӣ ва молиётии кишвар зарар ворид кард. Бо манъи фаъолияти ин корхона рузи шанбе бори дигар қиммати доллари амрикоӣ аз 2 сомониву 98 дирам то 3 сомониву 15 дирам афзоиш ёфт.

Ба ҳангоми таҳияи ин гузориш тазоҳуротгарон майдони рубаруи қасри раёсати ҷумҳуриро, ки баъди бештар аз 10 сол бори аввал шоҳиди тазоҳурот гашт, тарк карда буданд. Ин афрод вале дар атрофи додситонӣ ва дафтари "Ҷамол энд компани" ҳамчунон интизори ҷавоб нишастаанд.

Тафсилоти ин хабар дар гушаи "Гузоришҳо".

XS
SM
MD
LG