Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти атбоъи тоҷик дар Русия меафзояд



Нурмуҳаммади Холзода



Дар ҷаласаи муштараки машваратии вазоратҳои дохилаи Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Маскав хотирнишон шуд, ки соли гузашта шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҳудуди 2 700 ҷиноят ва дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 1 300 ҷиноят содир кардаанд.

Дар Русия бар зидди шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаш моҳи ахир 350 ҷиноят содир шудааст. Русия 229 ҷинояткорро бо дархости вазорати дохилаи Тоҷикистон боздошт кардааст, вале Тоҷикистон бо дархости Русия 12 нафарро боздошт кардааст.

XS
SM
MD
LG