Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маоши муаллим дар руз ним доллар будааст



Нурмуҳаммади Холзода



Кумитаи омори Тоҷикистон ба ожонсии ИТАР-ТАСС хабар додааст, даромади якрузаи кори муаллим дар ин кишвар 54 сентро ташкил медиҳад, ки дар шароити имрузи Тоҷикистон бо ин пул харидани ҳатто як кило ангур имкон надорад.

Дар ҳамин ҳол, Сафаралӣ Раҷабов - вазири маорифи Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратии вазорат эълон кард, ки дар ду вилояти бузурги ин кишвар давлат аз муаллимон садҳо ҳазор доллар қарздор аст. Муаллимон дар ин вилоятҳо чанд моҳ аст дастмузд намегиранд. Ба ин сабаб, муаллимон кори аслии худро тарк ва дар ҷустуҷуи кор ба Русия мераванд.

Бино ба маълумоти вазорати маориф, танҳо соли гузашта севуним ҳазор муаллим кори омузгориро тарк ва ба мардикорӣ рафт. Гуфта мешавад, ки имсол 8 ҳазор муаллим дар мактабҳои Тоҷикистон намерасад. Бо чунин ҳол, коршиносон ояндаи маорифи Тоҷикистонро фоҷеъаомез арзёбӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG