Пайвандҳои дастрасӣ

М.Илолов: "Дар байни Русияву Тоҷикистон мафҳуми депортатсия ҷой надорад."



Сафаргули Олимӣ

Аммо барои муҳоҷири ихроҷшуда чӣ фарқ дорад, ки уро депортатсия карданд ва ё ихроҷи маъмурӣ.

Вазири шуғли аҳолии Тоҷикистон Мамадшо Илолов рузи ҷумъа як нишасти матбуотӣ орост ва ба суолҳои бешумори хабарнигорони дохилию хориҷӣ роҷеъ ба масоили муҳоҷирати корӣ ва сабабҳои ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз қаламрави Русия ва кишварҳои дигар посух дод.

Оқои Илолов дар расидагӣ ба ин суол, ки оё дар маҳбасҳои Русия беш аз 40 000 шаҳрвандони Тоҷикистон ба сар мебаранд, гуфт, ин рақам тақрибан 50 дар сад дуруст аст, вале шумораи дақиқи маҳбусони тоҷик дар зиндонҳои Русия муҳосиба нашудааст.

У афзуд, сабаби аслии аз ҷониби мақомоти интизомии Русия боздошт шудани шаҳрвандони Тоҷикистон надонистани қонунгузории ҷории Русия мебошад: "Қариб дар ҳамаи вилоятҳои Русия шаҳрвандони мо дар маҳбасҳо ҳастанд, лекин рақами 40 000 хеле ва хеле зиёд бошад. Ман фикр мекунам, ин рақам як тартиб зиёдтар аст. Тамоси доимӣ дорем ва дар бораи шаҳрвандони мо, ки мутаассифона дар Русия боздошт мешаванд, маълумот мегирем. Сабаби боздошти онҳо вазнинии ҳаёт аст, надонистани шароите, ки имруз Русия дорад, надонистани қонунгузории Русия. Бино бар дараҷаи паси маърифати ҳуқуқӣ хеле ҳолатҳое мешаванд, ки шаҳрвандони моро дар Русия боздошт мекунанд."

Аммо ҳафтаномаи "Сипеҳр"- чопи Душанбе аз қавли сафорати Тоҷикистон овардааст, ки шумораи мардикорони тоҷик дар Русия бештар аз 4 000 нафар нест.

Дар ин нишасти матбуотӣ таваҷуҳи журналистҳо бештар ба мавзуъи депортатсия ё худ ихроҷи шаҳрвандони тоҷик аз вилоёту навоҳии Русия дода шуд. Аммо вазири шуғли аҳолии Тоҷикистон мафҳуми депортатсияро шарҳ дода гуфт, ин ки аз қаламрави Русия шаврандони Тоҷикистон берун карда мешаванд, маънои депортатсияро надорад. Оқои Илолов мегуяд: "Мафҳуми депортатсия дар равобити байни Русияву Тоҷикистон ҷой надорад. Равуои мо бо Русия бидуни раводид аст. Вақте ки рафтуо бе раводид аст, депортатсия истифода намешавад. Ин мафҳумро шояд нафароне истифода мебаранд, ки аз қонунгузории Тоҷикистону Русия хуб огоҳ нестанд ва аз ин ҳама ҳангома меҷуянд. Ин депортатсия не, балки хориҷкунии маъмурӣ аст."

Вале коршиносон мегуянд, мақомоти масъули Тоҷикистон бемасъулиятиҳои худро, ки боиси саргардонии ҳазорҳо нафар мардикорони тоҷик дар вилоятҳои Русия мешавад, бо камсаводии худи шаҳрвандон дар мавриди надонистани қавонини ҷории Русия руйпуш мекунанд.

Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон, пас аз депортатсияи 302 мардикори тоҷик аз вилояти Кемеровои Русия ба вилояти Суғд президенти кишвар раҳбарияти хадамоти муҳоҷирати кории вазорати шуғли аҳолиро ба нокомӣ дар роҳи сафарбарии мардикорони тоҷик масъул шуморид ва Темур Табаров, раиси ин идораро аз вазифааш сабукдуш шуда, ба ҷои у муовинаш Анвар Бобоев таъин гардид.

Коршиноси масоили иқтисоди Тоҷикистон професор Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар як навиштаи худ, ки дар матбуоти Душанбе ба нашр расидааст, мегуяд, як сабаби мушкилот дар буду боши мардикорони тоҷик дар Русия, албатта, камсаводии онҳо мебошад. Аксари онҳо ҳуқуқи худро намедонад, вале намешавад дар ин масъала танҳо онҳоро гунаҳкор кард.

Оқои Умаров афзудааст, агар мақомоти масъул кушиш ба харҷ медоданд, ки мардикор ҳатман қонунгузории Русия ва кишварҳои дигарро аз худ мекард, шояд ба ин ҳад мардикорони тоҷик саргардон ва таъқибу боздошт намешуданд.

Бар асоси маълумоти мақомоти Тоҷикистон, аз оғози соли равон то моҳи июл аз шаҳрҳои Русия 191 ҷасади шаҳрвандони тоҷик оварда шуд, ки 103 нафари онҳо бар асари беморӣ ва ҳодисаҳои нохуш фавтида, 36 тан ҷабран кушта шудаанд.

Аз нишасти матбуотии вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон маълум шуд, ки ҳануз Тоҷикистон сиёсати мигратсионии худро мушаххас накарда, то кунун натавонистааст созишнома дар бораи ҳуқуқи муҳоҷирини кориро бо давлати Русия ба имзо расонад.

XS
SM
MD
LG