Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷангсолорӣ ва демократия дар Тоҷикистон"



Мирзонабии Холиқзод

Чунин аст унвони пажуҳиши нави таҳлилгари тоҷик Искандар Асадуллоев.

Навиштаҳо ва овезаҳои бешумор дар хиёбонҳои Душанбе Тоҷикистонро аллакай ҳамчун кишвари демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд нишон медиҳанд. Аммо ҳақиқат куҷост? Оё ҳақиқат ин аст, ки Тоҷикистон дунболи демократия мебошад, ё ин ки ҳеҷ гоҳ дар ин кишвар демократия пойдор нахоҳад шуд?

Ин ва суолҳои дигар роҷеъ ба чандучунии демократия ва арзишҳои демократӣ дар Тоҷикистон мавзуъи аслии навиштаи коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон, раиси Маркази хабарӣ ва таҳлилии "Симурғ" Искандар Асадуллоев мебошад. Ин навишта "Ҷангсолорӣ ва демократия дар Тоҷикистон" унвонгузорӣ шудааст.

Ба назари Искандар Асадуллоев, дар Тоҷикистон демократия бо печутоб ва бо мушкилӣ пеш меравад ва аммо барои раҳоӣ аз ин мушкилот ва барои расидан ба як ҷомеаи солими демократӣ дар пешоруи Тоҷикистон ду роҳ вуҷуд дорад. Ду роҳе ки бештар ба президенти кишвар бастагӣ дорад.

Искандар Асадуллоев ҳамчун коршинос бо такя ба таҷрибаи кишварҳои дигар чунин пешниҳод мекунад: "Дар таърих мо мебинем, ки чеҳраҳои сиёсӣ ба хотири татбиқи арзишҳои демократӣ дар кишвари худ аз худкомагӣ ва нуфузи шахсии худ истифода намуда, ҳатто худкомагии худ ва ҳукумати худро барои пойдории демократия сарф кардаанд ва дар ҷомеа соҳиби обру ва нуфузи бештар шудаанд. Ин таҷрибаро дар Тайван метавон дид, ки як ҳукумати худкома ва диктатурӣ ба хотири демократия дар ин кишвар имконоти худро харҷ кард. Дар Испания шоҳ Хуан Карлоси аввал бо вуҷуди як нуфузи зиёд доштанаш ҳукумати худро барои демократия маҳдуд сохт. Оё Тоҷикистон ин роҳро интихоб мекунад" Оё президенти он ба ин роҳ гом мебардорад. Ё ин ки роҳи Туркманистонро интихоб мекунад, ки дар онҷо як ҳукумати худкома ва президенти яккасолор вуҷуд дорад."

Ба назари коршиноси тоҷик, масъалаи дигаре, ки дар пешоруи амалӣ шудани арзишҳои демокртӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ин варлордизм ё силоҳсолорӣ мебошад. Оқои Асадуллоев таъкид мекунад, ки агар дар парлумони пешини Тоҷикистон фармондеҳон ва "рафиқ командирон" нуфузи бештар доштанд, дар ин чанд соли охир президент Раҳмонов тавонист ҳузури онҳоро коҳиш диҳад. Аммо коршиносони тоҷик ба хотири амнияти худ аз овардани номи командирони бонуфузе, ки бо силоҳ ҳарф мезаданд, худдорӣ мекунад.

Искандар Асадуллоев мегуяд: "Имруз дар Тоҷикистон ҳарчанд командирсолорӣ ба таври рушан вуҷуд надорад, вале ҳануз ҳам дар баъзе вазоратхонаҳо ва идораҳои давлатӣ фармондеҳон фаъолият доранд. Аммо рушан нест, ки ҳадафи аслии маҳдуд сохтани командирсолорӣ ба хотири чист? Оё ин дар ҳақиқат барои суботу фаъол намудани институтҳои демократӣ дар кишвар анҷом дода мешавад ва ё ин ки дар ивази он ба даст овардани обру барои танҳо як нафар мебошад? Раванди ба даст овардани сулҳи тоҷикон нишон дод, ки дар ин кишвар барои расидан ба мусолиҳаи миллӣ нақши чеҳраҳои сиёсӣ дар ҷои аввал меистод."

Коршиноси тоҷик Искандар Асадуллоев мегуяд, модоме ки сулҳу субот ба чеҳраҳои бонуфузи кишвар вобастагӣ дорад, агар масалан президенти кишвар нуфузу имконоти худро маҳдуд сохта, марҳила ба марҳила бидуни осеб расонидан ба суботу сулҳ мақоми худро барои як ҳукумати воқеан демократӣ харҷ намояд ва ҳукумати худро ба як ҳукумати воқеан қонунманд иваз намояд, ба манфиати ҷомеаи Тоҷикистон хоҳад буд, вагарна Тоҷикистон монанд ба модели Туркманистон даҳсолаҳои дигар зиндагӣ хоҳад кард.

Ин дуроҳаест, ки коршиноси тоҷик Искандар Асадуллоев интихоби яке аз онро ба ҳукумати кунунии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.

XS
SM
MD
LG