Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро масъалаи таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон тул мекашад?



Раҳматкарими Давлат

Маскаву Душанбе бар сари наҳваи истиқрори нируҳои Русия дар Тоҷикистон ба тавофуқи ниҳоӣ нарасидаанд.

Сергей Иванов, вазири дифоъи Русия, таъсиси пойгоҳи низомии кишвараш дар Тоҷикистонро ба ҳалли ҳамзамони масъалаи Маркази назораи кайҳонии мавсум ба "Оина", воқеъ дар минтақаи Нораки Тоҷикистон, марбут донистааст.

Аммо бино ба навиштаи матбуот ва расонаҳои хабарӣ, ҷониби Тоҷикистон дар баробари ба ихтиёри Русия вогузор кардани ин маркази кайҳоншиносӣ хостори соқит кардани қарзи давлатии худ аз ҷониби Маскав шудааст, ки ҳудуди 300 миллион долларро ташкил медиҳад.

Сергей Иванов, вазири дифоъи Русия гуфтааст, Маскав мехоҳад, ҳар ду масъалаи пойгоҳи низомӣ ва маркази кайҳоннамоӣ дар вобастагӣ ҳал шаванд, маркази "Оина" ҷузъе аз пойгоҳи низомӣ бошад.

Аммо Маркази кайҳоншиносии Норак меросест боқимонда аз замони шуравӣ барои Тоҷикистон, ки ахиран бо мусоидати Русия таҷдид шуд. Ин марказ гардиши ҷирмҳои осмониро дар дуриҳои то 40 ҳазор километр назора ва ташхис мекунад ва дар он аслан мутахассисони Русия фаъолият мебаранд, вале он то кунун вазъи ҳуқуқии муайян надорад.

Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон дар мавриди ин масъала ва сарусадоҳои атрофи он мегуяд: "Мо барои таъсиси ин пойгоҳ манфиатдор ҳастем. Мо музокирот пеш мебарем, то манофеи ҳар ду ҷониб дар ҳалли ин масъала риоят шавад. Ва ҳар он чи ки гап дар бораи муомилот ва додугирифт меравад, дуруғ аст. Ин масъала усулан аз ҷониби ду раиси ҷумҳур ҳал шудааст. Ин ки анҷоми он ба тул мекашад, гуноҳи худи Русия ҳаст. Мо барои ҳалли оҷили масъала омада ҳастем. Ҳеҷ касе ҳеҷ гуна масъалаи додугирифтро ба миён нагузоштааст. Фақат барои ҳалли ҷузъиёти масъала гуфтушунид пеш мебарем, то ин масъала ба гунаи қонунӣ ва дар чаҳорчуби ҳуқуқи байналмиллал ҳал шавад ва дар оянда масъалае пеш наояд."

Ба назари коршиносон, Тоҷикистон аслан мухолифи ҳалли масъала нест, вале ба ҳар сурат бо истифода аз авзои пешомада дар гироиши равобити байналмиллал мехоҳад бо ҳал шудани ин масъала аз Русия имтиёзе касб кунад. Яке ин ки масъалаи мазкурро ба пардохти қарзҳои Тоҷикистон марбут кардааст ва дигар ин ки хостааст, то дар сурати пеш омадани авзои фавқуллода фармондеҳии пойгоҳи низомӣ ва лашкари 201-уми Русия ба ихтиёри Тоҷикистон гузошта шавад.

Ба назари коршиносон, муомила кардан дар сари наҳваи бозпардохти қар зҳои Тоҷикистон миёни ду кишвар имкон дорад, аммо баъид ба назар мерасад, ки Русия мувофиқа кунад, то фармондеҳии нируҳояшро ҳатто барои як лаҳза ба ихтиёри Тоҷикистон вогузор кунад.

Нуралӣ Давлатов, коршиноси тоҷик дар ин бора мегуяд: "Ҳукумати Тоҷикистон мантиқан дуруст пешниҳод кардааст. Шояд ки қарзҳо ба он ҳудуде, ки барои иҷораи базаи низомии Русия медиҳад, баробар набошад, аммо сари ин масъала ҷонибҳо метавонанд гуфтушунид кунанд. Ҷониби Тоҷикистон як шарти дигар низ гузоштааст, ки дар ҳолатҳои фавқуллода бояд сарфармондеҳии дивизияи 201-умро раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба уҳдаи худ гирад. Ман фикр мекунам, ки русҳо ба ин шарт розӣ намешаванд. Аз ҷониби дигар, онҳо мегуянд, силоҳҳое, ки онҳо ба Тоҷикистон меоранд, муосир ва хеле қиммат ҳастанд ва аз ин лиҳоз онҳо розӣ нестанд, ки силоҳҳо ва дивизияи 201-умро дар ихтиёри Тоҷикистон гузоранд."

Аммо таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар соли 1999 миёни ду кишвар мувофиқа шуда буд. Ин созшнома ҳатто дар парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расида аст. Музокироти Маскав ва Душанбе дар мавриди ҳалли ин масъала ба ҳамин тартиб идома дорад, фарҷоми ин музокирот норушан аст, агарчанд ҳар ду ҷониб дар ҳал шудани ин масъала ба манфиати худ хушбин ҳастанд.

XS
SM
MD
LG