Пайвандҳои дастрасӣ

Мутахассисон "обангишт" ихтироъ карданд



Мирзонабии Холиқзод



Мутахассисони Тоҷикистон ва Русия дар аввали ҳафтаи равон дар Корхонаи кимиёвии Исфара, шимоли кишвар, пас аз анҷоми як таҳқиқот муваффақ шуданд, ки моеъеро бо номи "обангишт" барои гарм намудани дегҳои системаи гармидиҳии шаҳру навоҳии кишвар кашф кунанд ва мавриди озмоиш қарор диҳанд.

Бино ба иттилоъи вазорати саноати Тоҷикистон таркиби обангишт аз ангишту об ва иловаҳои кимиёвӣ иборат буда, хосияти хуби сухт дорад ва он пурра мазут ва газро метавонад, иваз кунад. Дар ҳафтаи гузашта ҳукумати Тоҷикистон барои санҷиши обангишт як комиссия таъсис дод ва ба Корхонаи кимиёвии Исфара фиристод.

Комиссия ин моеъро ҳамаҷониба санҷид ва барои истифода ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он дар соҳаи иқтисод саноати кишвар иҷозат дод.

Муовини раиси яке аз департаментҳои вазорати саноати Тоҷикистон узви кумисияи ҳукуматӣ Абдукарим Абдураҳимов дар робита ба ин ба Радиои Озодӣ гуфт: "Барои истеҳсоли 30 ҳазор тонна обангишт дар як сол тарҳ тайёр шудааст ва бояд амалӣ шавад."

Бар асоси тарҳи ҷониби Русия дар Корхонаи кимиёвии Исфара, коргоҳи истеҳсоли обангишт ба роҳ монда мешавад. Ангишт аз кони Шуроб оварда шуда об ва дигар маводи кимиёвӣ дар корхонаи Исфара ҳамроҳ карда хоҳад шуд.

Таҷрибаи нахуст барои гарм кардани дегхонаҳои шаҳри Исфара анҷом дода мешавад. Сипас ин маводи сухт пурра дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба ҷои газ ва мазут роҳандозӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG