Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Бадахшон 25 сарбоз фирор кардааст



Файзи Мирҳасан



Дар шаш моҳи соли равон 25 нафар сарбозони қисмҳои ҳарбие, ки дар Бадахшон мустақаранд, аз маҳалли хидматашон фирор кардаанд. Додситони ҳарбии вилоят, Ганҷибек Музаффарбеков гуфт, аз онҳо 10 нафарашон боздошт ва ба маҳкама кашида шудаанд ва ҷустуҷуи 15 тани дигар идома дорад.

Камбудии ғизою либос ва муносибати ғайриодилонаи афсарон, бидуни омодагии комил ба хидмат даъват намудани ҷавонон, боиси фирору хадсарона тарк намудани қисмҳои ҳарбӣ мегардад, изҳор дошт додситони ҳарбии вилоят Ганҷибек Музаффарбеков.

Ба гуфтаи у, аз ҷониби афсарон мавриди шиканҷа қарор гирифтани аксарони оддӣ дар қисмҳои низомӣ зуд-зуд рух медиҳад, аммо худи сарбозон аз тарсу ҳарос ба тақдир тан дода, ба ҷое шикоят намебаранд ва як вақти муносиб дарёфта, аз макони хидмат фирор мекунанд.

Ба гуфтаи Музаффарбеков, ба наздикӣ нисбати ду афсари яке аз қисмҳои ҳарбӣ, ки пайваста тобеонашонро таҳқир мекарданд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба қавли у як лейтенант ва як прапоршик бо сарбозон муносибати ғайриоинномавӣ карда, онҳоро пайваста латукуб менамуданд. Додситонӣ парвандаи яке аз онҳоро ба додгоҳ фиристодааст, тафтиши аъмоли дигарӣ идома дорад.

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо (аудио)

XS
SM
MD
LG