Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Раҳмонов бо Пейтон анҷом ёфт



Раҳматкарими Давлат



Созмони Миллали Муттаҳид талош хоҳад кард, ҳадди аксари кумакҳои молии ваъдашуда барои Тоҷикистонро ҷамъоварӣ ва дар ихтиёри ин кишвар қарор диҳад.

Вилям Пейтон, роҳбари Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон, баъд аз анҷоми мулоқоташ бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, дар нишасти моҳи майи кишварҳо ва созмонҳои кумакрасон, ба Тоҷикистон ваъдаи ироаи 900 миллион доллар дода шудааст. Ва умед дорем, ҳадди аққал бештар аз нисфи ин воситаи молӣ дастраси Тоҷикистон шавад.

У гуфт: "Воқеъият ин аст, ки маъмулан кишварҳои кумакгиранда ҳамеша нисфе аз кумаки ваъдашударо тавонистаанд дарёфт кунанд. Аммо Тоҷикистон аз худ намунаи хубе нишон додааст ва мо талош хоҳем кард, то бештар аз нисфи ин маблағ дастраси Тоҷикистон шавад. Вале дар айни ҳол ин як раванди мураккаб ва тулонӣ аст."

Ҳамоҳангсози доимии барномаҳои Созмони Миллал афзуд, СММ аз кишварҳо ва созмонҳои байналмиллалӣ даъват хоҳад кард, то дар оянда ба Тоҷикистон бештар дар ҷиҳати тавсиаи иқтисодӣ кумак намоянд.

У гуфт, барномаи кумакҳо ба Тоҷикистон дар оянда бояд ба ҳалли барномаҳои тавсиаи иқтисодӣ нигаронида шавад, то ба кумакҳои башардустона, аммо кумакҳои башарӣ низ дар ҳадди муайян ба табақаҳои ниёзманд расонида хоҳад шуд.

Вилям Пейтон ҳамчунин гуфт, дар мулоқоташ бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон амалисозии барномаҳоеро, ки таҳти васояти СММ анҷом мешавад ва идомаи татбиқи Барномаи фақрзудоӣ дар Тоҷикистонро низ баррасӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG