Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари бонувони ҳуқуқшиноси тоҷик ба Маскав



Муҳаммадраҳими Сайдар

Ба гуфтаи онҳо, вазъи муҳоҷирони тоҷик дар боздоштгоҳҳои Маскав ниҳоят вазнин мебошад.

Вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик дар ҷараёни сафари ҳайъати созмони "Бонувони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон" ба Маскав, мавриди омузиш қарор дошт. Бонувони ҳуқуқшинос тайи ҳашт руз дар сохтмонҳо, бозорҳо ва боздоштгоҳҳои Маскав бо муҳоҷирон мулоқот карданд. Ба гуфтаи онҳо, аксари муҳоҷирони тоҷик дар Маскав, дар ҳоли беҳуқуқӣ ба сар мебаранд, вале вазъи онҳо дар боздоштгоҳҳо махсус вазнин мебошад.

Ба гуруҳ 6 нафар бонувони ҳуқуқшинос аз дастгоҳи раёсати ҷумҳур, додгоҳу додситонӣ ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон шомил буданд. Роҳбари гуруҳ ҳуқуқшиноси тоҷик Ойниҳол Бобоназарова гуфт, ин боздид дар чаҳорчуби як тарҳи вижаи вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки бо пуштибонии Бунёди СОРОС таҳия гаштааст, ташкил шудааст.

Ҳадафи ниҳоии тарҳ, ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти Русияву Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмиллалӣ ба вазъи буду боши тоҷикон дар Русия мебошад. Ба он далел, ки танҳо тайи ҳамин сол аз Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 200 тобут рафтааст. Ойниҳол Бобоназарова афзуд: " Мақсади асосии проект ин аст, ки ҳар тоҷикистоние, ки ба Русия меояд, бояд бидонад, ки чӣ уро дар ин ҷо интизор аст."

Узви ҳайъат Меҳриниссо Пирматова вазъи оворагони тоҷик дар боздоштгоҳи шаҳри Дмитрови вилояти Маскавро дарднок номид. Ба гуфтаи вай, дар боздоштгоҳ наздик ба 100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бандӣ ҳастанд, бархе аз онҳо ним сол аст, ки мунтазири депортатсия мебошанд. Ҳарчанд онҳо ҷинояткор нестанд, аммо онҳоро аз куллияи ҳуқуқ маҳрум нигоҳ медоранд. Аксари онҳоро ба ҷурми надоштани регистратсяия гирифтаанд. Дар байнашон онҳое, ҳам ҳастанд, ки дар рузи дуввуми вуруд ба Маскав боздошт шудаанд ва додгоҳ ғайриқонунӣ онҳоро ба депортатсия ҳукм кардааст.

Ҳуқуқшинос афзуд: "Аксари ҳамсуҳбатони мо аз гуруснагии доимӣ, аз бемории меъда ва хуруҷи бемориҳои дигар шикоят карданд. Ҳаштод дар сади онҳо иқрор карданд, ки полис онҳоро ба ҳангоми боздошт шадидан латукуб кардааст."

Роҳбари гуруҳ Ойниҳол Бобоназарова тавзеҳ кард, дар ҷараёни ин сафар созмони "Бонувони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон" бо созмони маскавии "Муҳоҷират ва ҳуқуқ" шартномаи ҳамкории иттилоотӣ ба имзо расонид. Раҳбари созмони мазкур Гавҳар Ҷураева гуфт, ин ду созмон аз қабл ҳамкорӣ доштанд, вале аз ин ба баъд ҳамкории онҳо тавсиа хоҳад ёфт.

Ойниҳол Бобназарова, раиси ҳайъати эъзомии созмони "Бонувони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон" дар Маскав дар идомаи суҳбат гуфт, ҳалли мушкилоти тоҷикони муҳоҷир кори содда нест, вале мо бо истифода аз тарҳе, ки зери даст дорем, талош хоҳем кард, мақомоти Русияву Тоҷикистон ва ҳамзамон созмонҳои байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқро барои рушансозии ин мушкили оворагони кишвари худ дар Русия моил намоем.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Светлана Ганушкина, раиси созмони ҳуқуқии "Мусоидати шаҳрвандӣ" дар Маскав, Русия бояд худ барои ҳимояти ҳуқуқии мардуми муҳоҷири Тоҷикистон дар Русия иқдом намояд, зеро Тоҷикистон ягона ҳамкори раҳбурдии Русия дар минтақа аст. Бино ба омори интишордодаи манбаъҳои Кремл, дар Русия ҳудудан 600 ҳазор муҳоҷири тоҷик ба сар мебаранд, манбаъҳои ғайрирасмӣ онҳоро наздик ба 1 миллион мегуянд.

XS
SM
MD
LG