Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намояндаи нави ЮНДП ба Тоҷикистон омад



Мирзонабии Холиқзод



Вилям Пейтон, масъули нави Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон, дар мулоқоташ бо вазири хориҷаи ин кишвар Талбак Назаров гуфт, Созмони Милалли Муттаҳид дар соли оянда аз кишварҳои самоягузор барои охирин бор ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон даъват ба амал меорад.

Сардори департаменти иттилооти вазорати хориҷаи Тоҷикистон, Игор Сатторов 11 август роҷеъ ба мавзуҳои аслии гуфтугуи Талбак Назаров бо Вилям Пейтон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мулоқот вазири хориҷаи Тоҷикистон изҳори умедворӣ намуд, ки Барномаи Рушди Созмони Милалли Муттаҳид дар оянда низ бо Тоҷикистон ҳамкории наздик хоҳад дошт ва дар эҳёву барқарорсозии инфраструктураи Тоҷикистон саҳм гирифта, барои коҳиши фақр дар ин кишвар мусоидат мекунад.

Ҷаноби Пейтон низ изҳор намудааст, дар соли 2004 аз кишварҳои маблағгузор даъват мекунад, ки дар рушди иқтисоди ин кишвар саҳм бигиранд. Ба ин тартиб, ҳамкориҳои стратегии ояндаи Барномаи Рушди Созмони Миллал ва Тоҷикистон барои ҳалли масоиле равона хоҳанд шуд, ки ба рушди босуръати иқтисоди ин кишвар мусоидат кунанд.

Дар моҳи майи соли равон бо кушиши Барномаи Рушди Созмони Миллал ва ҳукумати Тоҷикистон дар Душанбе конфронси байналмиллалӣ таҳти унвони "Сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон" баргузор шуда буд, ки аз 37 кишвари даъватшуда, намояндагони 13 кишвар ва бонкҳои байналмиллалӣ дар он ширкат карданд.

XS
SM
MD
LG