Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корхонаи сементи Душанбе тармим мешавад



Абдуқайюми Қайюмзод



Ҷумҳурии Чех қасд дорад Корхонаи истеҳсоли сементи Душанберо бозсозӣ кунад. Ярослав Лудва, сафири ҷумҳурии Чех дар поёни маъмурияти худ дар Точикистон, пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури ин кишвар бо эъломи ин хабар гуфт, тарҳи ин барнома, ки аз ду марҳила иборат аст, омода мебошад ва пас аз дарёфти замонати бозпардохти сармоя марҳилаи аввали ин тарҳ дар соли ҷорӣ амалан оғоз хоҳад шуд.

Вай афзуд бозсозии Корхонаи сементи Тоҷикистон аз бузургтарин тарҳҳои иқтисодии мо аст, ки марҳилаи аввали он 5 миллион доллар ва марҳилаи дуввум тақрибан 20 то 30 миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад.

Сафири Чех дар мавриди иллати таваҷҷуҳи кишвараш ба ин корхона гуфт, аввал ин ки корхонаи мазкурро дар нимаи дуввуми қарни гузашти мутахассисони чех сохтаанд ва баъдан сифати маҳсулоти корхонаи мазкур дар минтақа беназир мебошад.

Бо ишора ба раванди бозсозӣ дар Афғонистон ва ниёзи ин кишвар ба масолеҳи сохтмонӣ, оқои Лудва афзуд, масъалаи фуруш ва ё бозори маҳсулоти ин корхона низ ҳалли худро пайдо кардааст.

Бар асоси иттилоъи вазорати энергетикаи Тоҷикистон, ҷумҳурии Чех тасмим гирифтааст, ба манзури таъмини маводи сухти Корхонаи сементи Душанбе, ки то кунун аз ҳисоби гази гаронқиммати Узбакистон нимафаъол буд, кони тавлиди ангишти мавзеи Зиддӣ воқеъ дар ноҳияи Варзобро фаъол созад. Тарҳи баҳрабардории кони ангишти Зиддӣ дорои чаҳор марҳила буда, барои иҷрои он беш аз 26 миллион доллар ихтисос меёбад.

XS
SM
MD
LG