Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонӣ "Суғдхориҷакор"-ро тафтиш мекунад



Тоҳири Сафар



Додситонии Кулли Тоҷикистон алайҳи раис ва муовини ширкати "Суғдхориҷакор", ки 302 муҳоҷири тоҷикро ба Русия фиристода буд, аммо онҳоро баъди саргардонии думоҳа депортатсия карданд, парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Ин 302 муҳоҷир, ки моҳи июл аз вилояти Кемерово бо сару садои зиёд ихроҷ шуданд, бар асоси созишномаи ширкати "Суғдхориҷакор" ва "Финансовие ресурси"-и Русия ба ин кишвар рафта буданд.

Ҷамшед Қуддусов, намояндаи вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, қазияи мазкурро комиссияи байниидоравӣ зери сарпарастии додситонӣ тафтиш дорад ва то кунун мушаххас нест, ки кадом тараф сабаби оворагии муҳоҷирон дар Русия шудааст: "Дар ҳоли ҳозир мо ҳеҷ касро айбдор карда наметавонем, зеро ба тафтиши гуноҳи ҳар тараф, он субъектҳое, ки дар ҳамин кор шарик буданд, додситонӣ машғул аст. Прокуратура ҳам нисбати раис ва муовини ширкат прокуратура парванда кушодааст, тафтишот идома дорад, лекин ҳозир гунаҳкор будани онҳо исбот нашудааст.

Масъалаи муҳоҷирати корӣ яке аз дардноктарин масъала миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия аст. Ба гуфтаи коршиносон аз 1 миллион нафар муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, аксари онҳо дар ҳолати беҳуқуқӣ ба сар мебаранд. Ин муҳоҷирон ба гуфтаи иқтисоддонон ҳамасола 500 миллион доллар ба Тоҷикистон ворид мекунанд.

Ҷамшед Қуддусов намояндаи вазорати кори Тоҷикистон гуфт, дар назар аст, санади танзимкунандаи муҳоҷирати корӣ, созишномаи байнидавлатӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия моҳи равон ва ё сентябр ба имзо бирасад. Ба гуфтаи у ба ҷуз аз макону замони дақиқи имзои созишнома дигар тамоми ҷанбаҳои он мувофиқа шудааст ва гуфтушунид дар мавриди имзои созишнома идома дорад.

XS
SM
MD
LG