Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Форуми байналмиллалии "Оби тоза" дар Тоҷикистон



Раҳматкарими Давлат

Қозидавлат Қоимдодов мегуяд, ҳадаф аз баргузории форум ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорон ба манобеъи обии Осиёи Марказӣ аст.

Намояндагони танҳо 36 кишвар даъвати ширкат дар форуми байналмиллалии "Оби тоза" дар шаҳри Душанберо пазируфтаанд. Қозидавлат Қоимдодов, муовини сарвазири Тоҷикистон ва ҷонишини раиси Кумитаи тадорукоти баргузории форуми "Оби тоза" гуфт, барои ширкат дар форуми байналмилалии "Оби тоза", ки қарор аст" дар поёни ҳамин моҳ ва дар аввали моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шавад 55 кишвар даъват шуда буд. Вале бо далоили мухталиф бархе аз давлатҳо дар ин форум ширкат нахоҳанд кард.

Оқои Қоимдодов, ки бо хабарнигорон суҳбат мекард гуфт, дар ин форум 300 нафар намояндаи кишварҳои хориҷ ширкат хоҳад варзид, дар ҳоле ки ба ин форум ду ҳазор нафар даъват шуда буд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои минтақа мебошад, ки қисмати умдаи захоири обии Осиёи Марказиро дар ихтиёр дорад, аммо бо вуҷуди он ба мушкили камбуди оби поки ошомиданӣ мувоҷеҳ аст. Ин мушкил аслан ба куҳна ва корношоям шудани шабаркаҳои обрасонӣ ва полоишгоҳоои оби кишвар вобаста мебошад.

Оқои Қоимдодов, муовини сарвазири Тоҷикистон дар ин бора мегуяд: "Ҳафтод фоизи мардуми Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунад ва ноҳияҳое дорем, ки умуман оби нушокӣ надоранд. Барои ҳамин программаҳое дорем, ки барои онҳо маблағи муайян ҷудо карда мешавад, то аз ҳамин вазъият бароем."

Оқои Қоимдодов афзуд, Тоҷикистон талош дорад, аз тариқи таъсиси Консорсиуми минтақаваии энергетикӣ ва бунёди сарбандҳо ва неругоҳҳои барқи обӣ, масъалаи танзими об ва истифодаи муштараки об дар Осиёи Миёнаро танзим кунад.

Аммо барои анҷоми ин барномаҳо ба сармоягузориҳои бузурге ниёз аст, ки Тоҷикистон чунин маблағеро дар ихтиёр надорад. Вилям Пейтинг, ҳамоҳангсози доимии барномаҳои СММ дар Тоҷикистон, ки зимни ин нишасти хабарӣ ҳамроҳи муовини сарвазири Тоҷикистон ҳузур дошт гуфт: "Ман танҳо ду ҳафта аст, ки дар Тоҷикистон ҳузур дорам, аммо дарёфтам, ки ин кишвар саршор аз манобеъи оби табиӣ аст, вале дар айни ҳол он чи ки ин кишвар ба мушкили оби ошомиданӣ мувоҷеҳ аст, як андоза тамасхуромез аст. Хусусан ҳангоме, ки вориди хона мешавӣ ва мебинӣ, ки дар манзилат об нест."

Аммо Қозидавлат Қоимдодов мегуяд, ҳадаф аз баргузории форуми "Оби тоза" ҳалли мушкили обрасонӣ ва оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон нест, балки ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорон ба манобеъи обии минтақа ва ба ин тартиб ҳалли масъала ба сурати глобалӣ ва умумӣ дар минтақа мебошад.

XS
SM
MD
LG