Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати Узбакистон визаро намехоҳад



Мирзонабии Холиқзод



Сафорати Узбакистон дар Тоҷикистон, ба ҳукумати Узбакистон пешниҳод намудааст, ки муқаррароти визаро барои шаҳрвандони аз 60 сола боло бекор кунад.

Як намояндаи сафорати Узбакистон дар Душанбе, 8 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ба хотири саҳлу осонӣ дар равуои мардуми ду кишвари ҳамсоя пас аз шикоятҳои пай дар пайи мардум дар мавриди мушкилоти убуру мурур, ба ҳукумати марказӣ бо чунин пешниҳод муроҷиат намудаанд. Дар ҳоли ҳозир раводид барои мардуми аз 60 сола боло, бознишастагон ва маъйюбон бепул аст.

Намояндаи сафорати Узбакистон изофа кард, ки ҳоло ин ҳамагӣ як пешниҳод аст ва ҳануз аз ҳукумати Тошканд посух нарасидааст. Ҳамсуҳбати мо хоҳиш намуд, ки номаш бурда нашавад. Арзиши визаи умумишаҳрвандӣ байни Тоҷикистону Узбкистон барои як афроди аз 16 сола боло барои як моҳ 6 доллар аст ва барои нимсол 20 доллар аст. Режими виза байни ду кишвари ҳамсоя бо иқдоми Узбакистон дар тирамоҳи соли 2000-ум ҷорӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG