Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон фуруши неруи барқро афзудааст



Сафаргул Олимӣ



Пас аз таввақуфи дусола интиқоли қувваи барқ аз Тоҷикистон ба Қазоқистон аз сар гирифта шуд. Бино ба иттилоъи вазорати энергетика, аз моҳи апрели соли равон инҷониб Тоҷикистон ба Қазоқистон 161 миллион киловат соат, ба Узбакистон 203 киловат соат ва ба Қирғизистон 101 миллион киловат соат неруи барқ интиқол додааст.

Рашид Гулов, раиси департаменти неруи барқи вазорати энергетикаи Тоҷикистон дар ин бора гуфт, кишвар бо Русия, Қазоқистон ва Узбакистон шартнома дорад ва тибқи он дар фасли тобистон неруи барқи иловагиро ба онҳо медиҳад ва зимистон ҳангоми норасоии барқ аз онҳо мегирад.

Бино ба иттилоъи расмӣ фуруши барқи Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя дар соли равон 7 дар сад афзудааст. Ба гуфтаи мақомот, соли гузашта ин кишвар ба ҳамсоякишварҳояш дар ҳаҷми 23 миллион доллар неруи барқ фурухтааст.

XS
SM
MD
LG