Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд хабари фарҳангӣ аз Тоҷикистон



Раҳматкарими Давлат



"Рузи нав" таҳти ин унвон рузи панҷшанбе, 7 август рузномаи нави сиёсӣ иҷтимоӣ ба ҷумлаи нашрияҳои чопи Душанбе афзуда шуд. Ин нашрия, ки дар нахустшуморааш худро минбари озод эълон кардааст, аз ҷониби рузноманигори ҷавон Раҷаби Мирзо таъсис шудааст. "Рузи нав" инъикоси воқебинонаи ҳаёти ҷомеа, мусоидат ба равандҳои демокросӣ ва ҳимоят аз арзишҳои миллӣ ва умумибашариро аз ахдофи аслии худ арзебӣ кардааст.

Киностудияи "Тоҷикфилм" ба муносибати 1000-солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ наворбардории як филми мустанадро оғоз кардааст. Айни ҳол таҳияи ин филм дар ноҳияи Қубодиён ва дар навоҳии Вилояти Мухтори Бадахшон идома дорад. Коргардони ин филм Сафари Хақдод ва муаллифи филмнома ва ёвари коргардон Робия Атоева мебошанд. Қарор аст, то баргузории ҷашнвораи шоир таҳияи ин филм ба анҷом бирасад.

Нахустин китобхона дар Тоҷикистон бо усули электронӣ ба хонандагон хидмат мерасонад. Китобхонаи марказии шаҳри Истаравшан бо мусоидати Бунёди СОРОС тармим ва бо дастгоҳҳои компютерӣ муҷаҳҳаз шудааст. Қарор аст, бо мусоидати вазорати фарҳанг бархе дигар китобхонаҳо низ бо ин усул муҷаҳҳаз шаванд.

Баргузидаи рисолаҳои Ауалӣ ибни Сино таҳти номи "Ал-ҳикмат-ал-машриқия" дар ду ҷилд бо забони русӣ ба табъ расидааст. Китобро донишманди тоҷик Саидраҳмон Сулаймонӣ аз арабӣ ба русӣ тарҷума кардааст. Ин китоб бо мусоидати молии сафорати Тоҷикистон дар Ашқобод нашр шудааст.

Дар шаҳри Ашқобод ҳамчунин асари орифи номӣ Хоҷа Юсуфӣ Ҳамадонӣ бо номи "Рутбат-ул-ҳаёт" низ интишор шудааст.

XS
SM
MD
LG