Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе рафтори Тошкандро ноҳақ медонад



Мирзонабии Холиқзод



Додгоҳи Иқтисодии кишварҳои узви ҷомеаи мушаракулманофеъ муроҷиати расмии ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди ба ин додгоҳ кашидани Узбакистонро қабул кард ва ба баррасӣ гирифт.

Комил Исоев, корманди дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ, 6 август ба Радиои Озодӣ гуфт, дар авоили ҳамин ҳафта раёсати Додгоҳи Иқтисодии СНГ иттилоъ дод, ки муроҷиати ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди ба ин додгоҳ кашидани Узбакистонро қабул намудааст.

Ахиран, вазорати адлияи Тоҷикистон эътирозномаи ҳукумати Тоҷикистон, ҳокӣ аз ин ки Узбакистон 28 вагони ҳомили спирти этилии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ мусодира намуда ва то кунун посухе надодааст ба додгоҳи иқтисодии СНГ ирсол дошт.

Исоев Комил, корманди дастгоҳи раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гуфт: "Бо воситаи транзит гузаронидани спирти этилӣ бо қарори Узбакистон манъ шудааст. Вале спирти идораҳои шахсӣ ва давлатии Тоҷикистон то қабул шудани ин қарор вориди Узбакистон шуда буданд. Чандин бор ин масъаларо коршиносон баҳс карданд, вале ҳал нашуд, барои ҳамин Додгоҳи иқтисодии СНГ бояд онро дида барояд."

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG