Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон аз болои Узбакистон ба додгоҳи байнидавлатӣ шикоят бурд



Мирзонабии Холиқзод

Душанбе мегуяд, Тошканд 28 вагони спирти Тоҷикистонро бесабаб дар роҳ мусодира кардааст.

Додгоҳи Иқтисодии кишварҳои узви ҷомеаи мушаракулманофеъ муроҷиати расмии ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди ба ин додгоҳ кашидани Узбакистонро қабул кард ва ба баррасӣ гирифт.

Комил Исоев, корманди дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ, 6 август ба Радиои Озодӣ гуфт, дар авоили ҳамин ҳафта райосати Додгоҳи Иқтисодии СНГ иттилоъ дод, ки муроҷиати ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди ба ин додгоҳ кашидани Узбакистонро қабул намудааст.

Ахиран, вазорати адлияи Тоҷикистон эътирозномаи ҳукумати Тоҷикистон, ҳокӣ аз ин ки Узбакистон 28 вагони ҳомили спирти этилии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ мусодира намуда ва то кунун посухе надодааст ба додгоҳи иқтисодии СНГ ирсол дошт.

Исоев Комил, корманди дастгоҳи раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гуфт: "Бо воситаи транзит гузаронидани спирти этилӣ бо қарори Узбакистон манъ шудааст. Вале спирти идораҳои шахсӣ ва давлатии Тоҷикистон то қабул шудани ин қарор вориди Узбакистон шуда буданд. Чандин бор ин масъаларо коршиносон баҳс карданд, вале ҳал нашуд, барои ҳамин Додгоҳи иқтисодии СНГ бояд онро дида барояд."

Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон ба хотири баррасии вазъи мавҷуд як гуруҳи корӣ иборат аз намояндагони аршади вазорати адлия, иқтисоду савдо ва вазорати даромаду пардохтҳои далвлатӣ таъсис ёфтааст. Бино ба иттилоъи вазорати адлия дар соли 1998, 28 вагони ҳомили спирти этилии Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон боздошт ва мусодира гардид.

Ҷониби Узбакистон бар ин иддаост, дар рузҳое, ки вагонҳои ҳомили спирти Тоҷикистон вориди хоки Узбакистон шуд, ҳукумати Тошканд бо қароре ҳамлу нақли маводи спиртиро дар қаламрави худ манъ намуд. Аз ин ру вагонҳои ҳомили спирти Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон боқӣ монданд ва дар тули 6 сол бо вуҷуди муроҷиатҳои пай дар пайи ҳукумати Тоҷикистон ҳукумати Тошканд хомуширо ихтиёр мекард.

Бар асоси хабари вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар соли 1999 нахуствазири пешини Тоҷикистон Яҳё Азимов барои ҳалли ин масъала ба сарвазири Узбакистон муроҷиат карда буд, аммо натиҷае надод. Мақомоти Тоҷикистон мегуянд, борҳо дар мулоқотҳои комиссияи муштараки байниҳукуматии ду кишвар масъалаи вагонҳои спирт баррасӣ шудаанд.

Ба қавли намояндагони мақомоти Тоҷикистон, аз соли 1998 ба ин тараф ҳукумати Узбакистон як қатор қарорҳое ба судур расонд, ки ҳамлу нақли молҳои саноатӣ ва низомиро аз қаламрави худ маҳдуд мекард. Ва ин махсусан ба Тоҷикистон, ки ягона роҳи баромадаш аз тариқи Узбакистон аст, зиёни бештар овард.

Ба дунболи ин даҳҳо корхонаҳои Тоҷикистон, ба монанди Корхонаи истеҳсоли тиллои Панҷакент, Корхонаи кимиёвии Исфара, Корхонаи шаробкашии Панҷакент ва корхонаҳои дигар натавонистанд моли худро ба берун баранд. Ҳатто баъзеи аз ин корхонаҳо муфлис шуданд.

Ба гуфтаи яке аз кормандони ваозрати саноати Тоҷикистон мувофиқи муқаррароти Узбакистон, масалан, Корхонаи шаробкашии Панҷакент агар моли худро ба Русия интиқол диҳад, бояд баробар ба арзиши моли худ ба Узбакистон пули кафолатӣ диҳад. Пас аз бозгашт, ин корхона пули худро пас мегирифт, аммо маълум набуд, ки оё ин корхона пули худро метавонист комилан пас гирад, як масъалаи дигар ва як дарди сари дигар буд.

Амонхоҷа Ҳоҷибеков - муовини сардори Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон - гуфт, то ҳоли ҳозир мушкилоти интиқоли баъзе аз анвои моли саноатӣ ва низомии Тоҷикистон аз роҳи Узбакистон вуҷуд дорад: "Проблема буд барои гузаронидани селитра ва ҳамчунин дигар маводҳо барои афсарон проблема буд. Чандин вагонҳои спирта соли гузашта боздоштанд ва баъдан бо қарори махсуси ҳукумати Узбакистон раҳо карданд."

Аммо намояндаи вазорати саноати Тоҷикистон Абдурауф Ҷураев мегуяд, то кунун миёни Тоҷикистону Узбакистон як муқаррароти муйяан дар мавриди интиқоли транзитии мол вуҷуд надорад аз ин ру ҳангоми ҳамли мол аслан ҷониби Тоҷикистон ба мушкилот ру ба ру мешавад.

Дар ҳоли ҳозир мақомоти Тоҷикистон новобаста аз ҳукми додгоҳи иқтисодии кишварҳои узви муштаркулманофеъ дар мавриди баҳси 28 вагони ҳомили спирти этилӣ кушиш доранд, масъалаи интиқоли транзити моли саноатӣ ва неруи барқро бо Узбакистон ҳамаҷониба ҳаллу фасл кунанд.

XS
SM
MD
LG