Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 гумонбарро дар Хоруғ дастгир кардаанд



Файзи Мирҳасан



Пулиси вилояти Бадахшон 6 нафарро бо иттиҳоми ширкат дар як даргирии гуруҳӣ дар назди бинои милисаи шаҳри Хоруғ дастгир кард. Ин даргирӣ, ки охирҳои моҳи июл байни ду гуруҳи ҷавонони шаҳри Хоруғ ба амал омад, мунҷар ба ҳалокати 1 милисаи маҳаллӣ ва маҷруҳияти 12 тани дигар аз ҳамкасбони у шуд.

Аммо то ҳол дар бораи сабабҳои аслии сар задани ин даргирии мусаллаҳона ва мизони ширкати ходимони милиса дар ҷараёни он ташреҳе аз суи мақомоти интизомии вилояти Бадахшон дода намешавад.

Бино ба маълумоти дарёфтӣ, 3 нафар аз боздоштшудагон ходимони милиса мебошанд ва мақомот сабабҳои аз аслиҳа кор бурдани онҳо ба ҳангоми пароканда сохтани он даргириро таҳқиқ мекунанд.

XS
SM
MD
LG