Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куҳнаварди чех дар Помир ҳалок шуд



Мирзои Салимпур



Бино ба хабарҳо, як куҳнаварди чех дар ҳафтаи гузашта ҳангоми фатҳи қуллаи баланде дар куҳистони Помир ҳалок шудааст. Ношири хабар, ожонсии Си Ти Кей мегуяд, ҳамроҳони уро дар пайи ин фалокат тавассути чархбол ба Душанбе овардаанд. Аммо ба маҳзи обу ҳавои номусоид берун овардани ҷасади куҳнаварди кушташуда муяссар нашудааст.

Бут Колар, сухангуи вазорати умури дохилаи Ҷумҳурии Чех ба Си Ти Кей гуфтааст, як мақом аз консулхонаи Чехия дар Тошканд ба хотири бо мақомоти маҳаллӣ ҳамоҳанг сохтани тадобири ҷустуҷуӣ ба шаҳри Душанбе, маҳалли интиқоли ҳайъати куҳнавардони чех рафтааст. Ҳуввияти куҳнаварди ҳалокшуда ҳануз маълум нест.

XS
SM
MD
LG