Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба бозсозии фурудгоҳ кумак мекунад



Мирзои Салимпур



Ийолоти Муттаҳида эълом дод, ки бозсозӣ ва тармими хатҳои парвоз дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро бо 2 400 000 доллар маблағгузорӣ мекунад.

Сафорати Амрико дар шаҳри Душанбе дар як баёнияи матбуотӣ гуфтааст, иттихози ин кумак аломати сипос аз пуштибонии Тоҷикистон аз ҷанги таҳти раҳбарии Амрико дар Ироқ мебошад.

Хабаргузории ИТАР-ТАСС, ношири ин хабар меафзояд, корҳои бозсозӣ дар фурудгоҳи Душанбе бояд дар кутоҳфурсат шуруъ шаванд.

XS
SM
MD
LG