Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайъати Иттиҳодияи Аврупо ба Хатлон рафт



Раҳматкарими Давлат



Як ҳайъат аз Иттиҳодияи Аврупо ба манзури мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон ва мусоидат намудан ба амалисозии Барномаи фақрзудоӣ дар ин кишвар, дар Душанбе ба сар мебарад. Ҳадафи аслии сафари ин ҳайъат мушаххас намудани масоили техникии сармоягузории Барномаи коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар минтақаи Хатлони Тоҷикистон аст.

Намояндагони Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Душанбе бо вазирони кишоварзӣ ва беҳдоштӣ мулоқот карда ва ба манзури ошноӣ бо вазъи иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон ба ҷануби Тоҷикистон сафар кардаанд.

Гулҷаҳон Туманова масъули идораи равобити байналмиллали вазорати беҳдошти Тоҷикистон гуфт, дар мулоқоти вазири беҳдошт бо намояндагони Иттиҳодияи Аврупо имкони сармоягузори дар бахшҳои мухталифи соҳаи беҳдоштии ин кишвар барасӣ шудааст: "Бо вазъити соҳаи тандурустии Хатлон шинос мешаванд, баъд ба як хулосаи аниқ омада ба мо мегуянд, ки дар кадом самтҳо ба мо мадад мерасонанд, ё оиди сохтмони беморхонаҳо, ё оиди доруворӣ, ё таҷҳизоти тиббӣ.

Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои ҷудогонаи узви ин итиҳодия то кунун низ дар ислоҳоти низоми беҳдоштӣ, таҷдиди системаи муассисоти тиббии кудакона ба Тоҷикистон кумак кардаанд. Сафари ҳайъати Иттиҳоди Аврупо ба манзури омузиши зарфият ва имкони кумак ва сармоягузориҳо дар башҳои мухталифи системаи иҷтимоии Тоҷикистон то 11 август идома хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG