Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тамриноти низомиёни тоҷику ҳинд поён ёфт



Мирзонабии Холиқзод



Машқҳои низомии муштараки нируҳои ҳавоии Тоҷикистону Ҳиндустон 5 август, дар размоишигоҳи Фахробод, 30 - километрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон ба поён расид. Дар ин руз Неруҳои зидди ҳуҷуми ҳавоии вазоратҳои дифоъи Тоҷикистон ва Ҳиндустон як амалиёти тамриниро дар масъалаи ҳамлаи ғайримунтазираи гуруҳҳои тундрав аз замин ва ҳаво анҷом доданд.

Масъули дафтари матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон, Заробиддин Сироҷев гуфт, машқи низомии муштарак дар чаҳорчуби барномаи вазорати дифоъи Тоҷикистон дар мавриди мубориза бо гуруҳҳои терористӣ анҷом гирифт. Оғои Сироҷев дар мавриди истифодаи техникаи ҳарбӣ ва ҷангафзорҳо дар ин размоиш гуфт: Дар машқҳои низомӣ чархболҳои ҷангиву нақлиётии қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ, ҳавопаймоҳои Ан-2 ва Як-52 созмони мададгори мудофиа, ду ҳавопаймои ҳарбии Ан-32 қувваҳои ҳарбии ҳавоии Ҳиндустон, парашутистони тоҷику ҳинду, десантҳои бригадаи десантӣ ва низомиёни қушунҳои зиддиҳавоии Тоҷикистон ширкат карда, маҳорати баланди касбӣ нишон доданд. Дар рафти машқҳо низомиён фуровардани десант бо парашут аз ҳавопаймою чархболҳо, гузаштани хатти пурмонеъаи кашшофӣ, шабехун задан, озод намудани асирон, ё ба гаравафтодагонро тамрин карданд."

Ҷараёни машқи низомиро вазири дифоъи Тоҷикистон, Шералӣ Хайруллоев ва дигар вазирони қудратии Тоҷикистон ва аз ҷониби Ҳиндустон сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Югандра Кумар назорра мекарданд.

Тибқи иттилоъи вазорати дифои Тоҷикистон ин бори дуввум аст, ки неруҳои ҳарбии Тоҷикистон бо низомиёни кишварҳои хориҷӣ размоиши муштарак анҷом медиҳанд. Дар соли гузашта гуруҳи афсарони артиши Тоҷикистон бо сарбозони Фаронса, ки дар шаҳри Душанбе ҳастанд, як машқи низомии муштарак анҷом дода буданд.

XS
SM
MD
LG