Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миёни полиси андози Тоҷикистон ва як ширкати мустақил ҷанҷол бархост



Абдуқайюми Қайюмзод

Полис "Ҷамол-компания"-ро дар саркашӣ аз пардохти молиёт айбдор мекунад, аммо раиси ширкат ин даъворо беасос ва муғризона медонад.

Ҷамшед Сийоев, раиси ширкати "Ҷамол - кампания", иттиҳомоти мақомоти андози кишварро дар бораи напардохтани молиёт аз ҷониби ин корхона беасос хонд.

Мақомоти полиси андози Тоҷикистон дар ду рузи пеш эълон карданд, ширкати мазкур мухолифи маводи қонуни молиёт фаъолият бурда, аз супоридани андоз сарпечӣ кардааст. Ғайрат Шарифов, муовини сардори Раёсати фаврии полиси андози Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, фаъолияти ширкати "Ҷамол кампания" дар моҳҳои март то май мавриди санҷиш қарор гирифт. Тафтиши кормандони полиси андоз дар фаъолияти ин ширкат як қатор навоқисро ошкор кард.

Вай афзуд: "Аз тарафи мақомоти андоз, яъне аз тарафи департаменти андоз ва пулиси андоз фаъолияти риояи қонунгузории андози ширкати номбурда санҷида шуд. Тавассути тартиб додани санади санҷишӣ дар ширкати номбурда 7123 сомонӣ андозҳои пинҳонкардашуда ошкор карда шудааст".

Оқои Шарифов ҳамчунин гуфт, ки ширкат мебоист, бо ҳар шахси ҷалбшуда ба таври ҷудогона қарордод ба имзо мерасонд. Аммо Ҷамшед Сийоев, раиси ширкати "Ҷамол кампания" даъвои мақомоти пулиси андозро дар мавриди напардохтани маблағи молиёт нодуруст ва муғризона арзёбӣ кард.

Вай афзуд, ширкати у аз моҳи марти соли равон ба як барномаи тозаи тиҷоратӣ - ба хариду фуруши муҳра даст зада ва то ин фурсат ҳаққи андози давлатро ба таври комил пардохт кардааст. Вай идома дод: "Ҳафтоду як ҳазору 440 сомонӣ мо ҳар моҳ андоз месупорем. Кадом корхонаи давлатӣ ва ё шахсӣ ҳамин қадар андоз месупорад. Як бор не, чандин бор омаданд, барои тафтиш. Ман зидди тафтиш нестам. Мо ҳеҷ чизро руст карданӣ нестем. Натиҷаи тафтишоташон ҳамин шуд, ки мо 7 ҳазор сомонӣ ба буҷет насупоридаем. Аммо ин ҳам баҳсро мехост. Мо метавонистем, ки дар ин бора баҳс кунем, ки дар ҳақиқат даркор аст, супоридани ин маблағ. Лекин ҳаминро ҳам супоридем."

Оқои Сийоев гуфт, дар ҳоли ҳозир даҳҳо ҳазор сокинони пойтахт навоҳии атрофи он ва бархе аз навоҳии вилояти Хатлон, ки ба иллати набуди ҷойи кор дар ниҳояти фақру бенавоӣ ба сар мебаранд, таввассути ширкати вай бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Ба эътиқоди ҷаноби Сийоев, барномаи нави ширкати у дар татбиқи Барномаи фақрзудоии ҳукумати Тоҷикистон саҳми муҳим хоҳад гузошт. Сийоев афзуд, танҳо дар маъмурияти ширкати мазкур ва шуъбаҳои он беш аз 150 нафар бо кори доимӣ фаро гирифта шудааст. Бар изофаи тиҷорати муҳра мегуяд оқои Сийоев, ба кор андохтани чанде аз корхонаҳои ҷадид, ба шумули Заводи коркарди пашму пуст, равғанкашӣ ,тавлиди пахтаи тиббӣ, фабрикаи мурғпарварӣ ва шабакаи иртиботот, ки беш аз чаҳор ҳазор ҷойи нави кор муҳаё месозад, дар назар аст. Ҳамин ҳоло корхонаи тавлиди пахтаи тиббӣ дар ноҳияи Турсунзода ба кор шуруъ кардааст, ки бо фармоиши вазорати тандурустии кишвар пахтаи тиббӣ истеҳсол мекунад ва алъон дусад нафар дар ин корхона соҳиби ҷойи кор ва маош гардидааст.

Муовини раиси пулиси андози Тоҷикистон зимни суханронӣ тавассути телевизиони кишвар аз мардум даъват кард, ки аз ҳамкорӣ бо ин кишвар худдорӣ кунанд. Зеро ҳадафи масъулони ин ширкат бо роҳи фиреб ҷамъоварии маблағ ва фирор мебошад.

Аммо Ҷамшед Сийоев гуфт, бархе аз афроди алоҳидаи мақомоти андоз ҳарчанд дар фаъолияти ширкати у амали ғайриқонуниро ошкор накардаанд, вале аз руи ғараз дар роҳи рушди соҳибкорӣ монеа эҷод мекунанд. Вай мегуяд: " Ҳама ҷо гап мезананд, ки мо гурехтанӣ ҳастем. Як фикр кунед, модарам ҳамроҳам кор мекунад, авлодҳоям нимаш дар ҳамин фирма кор мекунад. Фирма комплекс харидагӣ 500 - то гов 400-то гӯсфанд, дар Ҳисор заводҳо сохта истодаанд, нимаш кор карда истодааст, маҳсулот мебарорад. Мардум соҳиби ҷойи кор. СП-ҳо мехоҳанд кор кунанд. Ман, ки гуреза шуданӣ бошам, ба Тоҷикистон чаро чиз биёрам, маблағгузорӣ кунам. Он говҳое, ки ман овардам ягонтоаш аз Тоҷикистон нестанд, ҳамааш аз Русия ва аз Узбакистон оварда шудаанд, ки дар як руз 20 литр шир медиҳанд. Бинобар ин одами гуреза ҳамин қадар маблағгузорӣ мекунад, ба Тоҷикистон. Ҳаминашро фикр кунед, ки мардумро фиреб кунӣ пустут мекунад. Баъд як кас аз нони кас бой нашудаст. Насибаш накардаст ҳамин чиз."

Дар ҳамин ҳол Тоҷиниссо Азизова, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, ки ширкати "Ҷамол - кампания"- ро сабти ном кардааст, гуфт мавриди амалкарди ғайриқонунии ин корхона мушрҳида нашудааст: "То ҳамин руз ба вазорат ягон хел санад на аз тарафи мақомоти давлатӣ ва на аз тарафи муассиси худи "Ҷамол ва кампания" ворид нашудааст. Дар асоси ҳамон ойинномае, ки дар вазорати адлия ба қайд гирифта шудааст, фаъолият дорад."

Дар ҳоле ки баҳси мақомоти андоз бо масъулини ширкати "Ҷамол- кампания" бо гузашти ҳар лаҳза гармтар мешавад, вале теъдоди муштариён дар атрофи ин корхона коҳиш намеёбад. Рузи душанбе, 4 август навбати мардум барои дарёфти муҳра ҳамоно беохир ба назар мерасид. Як зан, ки худашро Сайлигул муаррифӣ кард, гуфт: "Ман бори шашум аст, ки муҳра мегирам. Якум бор сесад доллар доштам. Ҳозир ба 2200 доллар гирифтам, ки ҳамаи ин фоидаи ҳамон сесад доллар мебошад. Ҳамсояҳо ҳам гирифтанд. Фоидаи хуб ҳам ба даст оварданд. Ман ба роҳбарони "Ҷамол - кампания" ташаккур мегуям. Аз ҳукуматдорони Душанбе хоҳиш дорам, ки ҳамин хел корхонаҳои ба монанди "Ҷамол кампания"-ро зиёд кунанд ва ба кори онҳо ёрдам кунанд."

Бо вуҷуде ки баҳси миёни корхона ва мақомот зиёдтар мешавад ва мақомоти андоз мардумро аз ҳамкорӣ бо ин ширкат ҳушдор медиҳанд, шуъбаҳои "Ҷамол-кампания" бо дархости ҳукуматҳои маҳаллӣ дар соири навоҳии кишвар боз мешаванд.

XS
SM
MD
LG