Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳогланд сафири нави Амрико таъйин шуд



Мирзои Салимпур



Президенти Ийолоти Муттаҳида Ҷорҷ Буш Ричард Ҳогландро сафири нави кишвараш дар Тоҷикистон таъйин кард. Бояд акнун номзадии уро дар ин мақом Сенати Амрико баррасӣ кунад.

Ричард Ҳогланд то ҳол раёсати бахши кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказиро дар Департаменти Давлатӣ ба уҳда дошт ва қаблан дар мақомҳои гуногуни дипломатӣ дар Исломободу Маскав ва Тошканд ифои вазифа кардааст.

Оқои Ҳогланд дар мақоми раҳбарии сафорати Амрико дар Тоҷикистон Франклин Ҳаддлро иваз мекунад, ки аз авохири соли 2001 сафорати Вошингтон дар Душанберо ба уҳда дошт.

XS
SM
MD
LG