Пайвандҳои дастрасӣ

Зургуёни муҳоҷирони тоҷик муҳокима мешаванд



Муҳаммадраҳими Сайдар



Бозрасии аъмоли як гуруҳи ҷавонони миллатгаро дар шаҳри Новосибирск, ки дар ҳуҷумҳои роҳзанона ба муҳоҷирони тоҷик муттаҳам дониста мешаванд, дар арафаи анҷомёбист ва дар кутоҳмуддат парванда ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд. Сухангуи Идораи умури дохилаи вилояти Новосибирск Наталя Маслова дар ин бора ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав хабар дод.

Сухангуи полис гуфт, мҳои ноябри соли гузашта полиси ҷиноии шаҳри Новосибирск дар пайи тафтиши як амали роҳзанона ба муҳоҷирони Тоҷикистон, як гуруҳ ҷавононро дастгир кард. Дар ҷараёни бозрасӣ 7 ҷинояти монанд ошокор шуд, ки дар содир кардани онҳо гуруҳи бо номи Радишкевич даст дорад.

Сухангу афзуд, ин ҷавонон худро скинхед меноманд. Онҳо бо иҷтимоъ дар гуруҳҳои 18-20 нафар бегоҳиҳо ба бозор ҳаракат карда, ба мардуми ғайрирус ҳамлавар шуда, онҳоро мезаданд, бо корд захмӣ мекарданд, пул, либос ва аснодашонро ба яғмо мебурданд. Ба ҷабрдидагон мегуфтанд, ки онҳо бояд Русияро тарк намоянд. Шиори онҳо ин буд, ки хиёбон, ҳавлӣ ва бинои маскунии худро аз ғайрирусҳо пок мекунем.

Сухангуи полиси Новосибирск ҳамчунин гуфт, дар қиболи гуруҳи Радишкевич бо моддаи 282-и Қонуни ҷиноии Русия бо қазияи барангехтани низоъи миллӣ, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки дар таърихи додгоҳи вилоят собиқа надорад.

Дар додситонии шаҳри Волгоград ҳам, бино ба хабарҳои дарёфтӣ, ду парвандаи ҷиноии аъмоли скинхедҳо дар қиболи муҳоҷири тоҷик барои муҳокима дар додгоҳ омода мебошад. Бино ба хабари Додситони нақлиётии Тоҷикистон, тайи шаш моҳи соли равон 42 муҳоҷири тоҷик ҷабран кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG