Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз КАМАЗ боз 200 кило ҳероин ёфтанд



Муҳаммадраҳими Сайдар



Дар идомаи бозрасии мошини КАМАЗ дар минтақаи Орехово-Зуевои вилояти Маскав дар рузи ахир 200 кило ҳероини дигар кашф шуд. Рузи сешанбе аз ҳамин мошин 220 кило маводи мухаддир забт шуда буд.

Борис Гризлов, вазири умури дохилаи Русия, ки дар робита ба забти аввалин басти маводи мухаддир бо вазни 220 кило ҳероини холис бо хабарнигорон нишасти вижа баргузор кард, боздошти маводи мухаддир бо чунин ҳаҷми бузургро барои Русия бесобиқа хонд.

Вай гуфт: " Дар ноҳияи Орехово-Зуевои вилояти Маскав рузи сешанбе мошине боздошт шуд, ки онро шаҳрванди Тоҷикистон идора мекард. Бо кумаки сагони бугир аз як баки иловагии бензингир дар ин мошин 220 кило ҳероини холис кашф шуд. Дар пай ҳамроҳ бо ронандаи мошин, ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон низ, ки уро ҳамроҳӣ мекарданд, боздошт шудаанд ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боздошт шудааст."

Ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ ва боздошти шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ин ҳодиса генерал Рамазон Раҳимов, намояндаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар Русия низ таъйид кард. Вай гуфт, ин боздошт дар пайи як амалиёти муштараки хадамоти амниятии Русия ва Тоҷикистон анҷом ёфт. Рамазон Раҳимов аз тавзеҳи бештари мавзуъ, аз ҷумла аз зикри номи боздоштшудагон худдорӣ кард, вале афзуд, ки бино ба асноди дасрас, мошин моли Қирғизистон мебошад ва аз он ҷо ҳаракат кардааст.

Аммо аз дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Қирғизистон ба Радиои Озодӣ дар шаҳри Маскав хабар доданд, ки ин мошин моли Қирғизистон нест. Сухангуи пулиси қирғиз афзуд, шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири убури бехалал аз Узбакистон ба мошини худ рақами қирғизӣ насб кардаанд, ки ин як ҳодисаи маъмул дар минтақа мебошад.

Вай афзуд, бозрасиро

XS
SM
MD
LG