Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари ҳайъати СБП ба поён расид



Раҳматкарими Давлат



Ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул(СБП) раванди иҷрои барномаи фақрзудоӣ ва татбиқи сиёсати иқтисоди хурду миёна дар Тоҷикистонро қонеъкунанда арзёбӣ кардааст. Роберт Кристиансен, намояндаи СБП зимни як нишасти хабарӣ таъкид кард, агар давлат дар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз таваррум ё инфлятсия ва ислоҳоти сохторӣ талоши ҷиддитаре анҷом медод, натоиҷи бештар аз ин низ ба даст меомад.

Ба асоси гузориши ҳайати СБП, дар шаш моҳи гузаштаи соли ҷорӣ тавлидоти дохилӣ беш аз 9 дарсад ва сатҳи таваррум беш аз 8 дарсадро ташкил додааст. Коршиносони СБП иллати таваррум дар Тоҷикистонро сиёсати пуливу молии давлат ва тағйироти иқлимӣ дар кишвар, ки сабаби камҳосилӣ гардад, донистаанд.

Роберт Кристиансен бо ишора ба масъалаи бозпардохти казҳои хориҷии Тоҷикистон ва мусоидати СБП дар ин амр гуфт: "Дар поёни соли 2002 мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон 975 милён долларро ташкил медод, ки баробари 82 дарсади тавлидоти дохилии кишвар буд. То поёни имсол ин ҳаҷм афзоиши бештар хоҳад ёфт. Аммо ба назари мо, бо таваҷҷуҳ ба афзоиши тавлидоти дохилӣ дарсади таносуби қарзи хориҷӣ назар ба тавлидоти дохилӣ коҳиш меёбад."

Ҳайати СБП дар поёни маъмурияти давраии худ аз мақомоти марбутаи Тоҷикистон хостааст, ки ба манзури такмили иҷрои сиёсати пулӣ ва молӣ қарорҳо ва дастуроти Кумитаи моливу пулиро комилан амалӣ намуда, то поёни моҳи сентябри сол ҷорӣ таҷдиди сохтори Бонки Миллии Тоҷикистонро ба анҷом расонад.

XS
SM
MD
LG