Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ширкати ҳавоии Тоҷикистон дигар шуд



Абдуқайюми Қайюмзод



Шодимад Мирзоалимов, раиси ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон тибқи як фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов аз ин вазифа барканор ва муовини вазири нақлиёт таъйин шуд.

Шодимад Мирзоалимов зимни истиқбол аз ин таъиноти ҷадид гуфт: "Интихоби ман ба мансаби болотар бори дигар иттиҳомоти беасос ва дуруғини Прокуратураи нақлиёти кишварро алайҳи шахсиятам собит мекунад."

Дар ҳамин ҳол, Диловар Баротов, муфаттиши Додситонии нақлиёт гуфт: "Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба у оғоз шудааст ва тафтишро додситонии кулл мебарад. То ҳол ягон қарори дахлдор дар бораи қатъ кардани ин парванда набаровардаанд. Тафтиш то ҳол ба итмом нарасида, идома дорад."

Шодимад Мирзоалимов то замони таъин шуданаш дар вазифаи раиси ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2001 мудири шуъба дар дастгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд. Бар асоси иттилоъи дафтари матбуоти раиси ҷумҳур, дар ҷаласаи рузи гузаштаи ҳукумат, ки зери роҳбари Эмомалӣ Раҳмонов баргузор гардид, Мирзо Анваров, собиқ раиси фурудгоҳи Душанбе ба мансаби раиси ширкати ҳавопаймоӣ ва Фируз Ҳамроев, раиси собиқи департаменти нақлиёти ҳавоӣ дар вазорати роҳу нақлиёти Тоҷикистон, муовини вай таъин шуд.

XS
SM
MD
LG