Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Си Пи Ҷэй мунтазири посухи додситонӣ аст



Тоҳири Сафар



Кумитаи байналмилалии дифоъ аз журналистон аз муҳокимаи қотилони хабарнигорони Муҳиддини Олимпур ва Виктор Никулин истиқбол кардааст. Муовини мудири созмони мазкур Ҷоул Симон гуфтааст: "Мо аз он хушнуд ҳастем, ки дар ниҳоят, мақомоти Тоҷикистон барои хотима додан ба беҷазо мондани гунаҳкорон иқдом карда, масъулони қатли хабарнигорони замони ҷанги дохилӣ кушташударо ба додгоҳ мекашад."

Рузи сешанбе, 29 июл Додгоҳи Олии Тоҷикистон ду тан аз размандагони собиқи мухолифинро, ки дар қатли Муҳиддини Олимпур, хабарнигори Би Би Си ва Виктор Никулин, хабарнигори телевизиони Русия муттаҳам мешуданд, ба муҳлати 15 ва 22 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Дар ҷараёни сафари ҳафтаи гузашта ба Тоҷикистон, ҳайъати Кумитаи дифоъ аз журналистон ба муовини додситони кулл Азизмат Имомов руйхати даҳҳо журналистони тоҷикеро додааст, ки дар ҷараёни ҷанги дохилӣ кушта шуда буданд, аммо гунаҳкорон беҷазо мондаанд.

Азизмат Имомов ваъда додааст, ин феҳрастро мавриди омузиш қарор дода, дар давоми 30 руз ба Кумитаи журналистон посух медиҳад. Зимни мулоқот бо ҳайъати ин созмон хабарнигорони тоҷик гуфтаанд, нокомии ҳукумат дар самти ба додгоҳ кашидани қотилони хабарнигорон боиси боқӣ мондани тарс миёни журналистон ва аз инъикоси мавзуҳои рузмарра худдорӣ кардани онҳо шудааст.

XS
SM
MD
LG