Пайвандҳои дастрасӣ

Ш.Мирзоалимов: "Айби додситонӣ беасос аст!"



Абдуқайюми Қайюмзод



Шодимад Мирзоалимов, раиси ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, иттиҳомоти додситони нақлиёти кишварро рад кард. Додситони нақлиёти Тоҷикистон раиси ширкати ҳавопаймоиро бо фасоди молӣ, тасарруфи маблағи муассиса ва саҳлангорӣ мутаҳҳам кардааст.

Аммо Шодимад Мирзоалимов зимни як тамоси телефонӣ ин иқдоми додситониро туҳмати маҳз ва ғаразнок тавсиф кард: "Прокурори нақлиёт Муҳаббатов, ба сабаби он ки чанд талаботи уро ман иҷро накардам, дар муддати як сол аз қонун суиистифода карда, ба воситаи садову симо ва рузномаҳо қасд гирифтан мехоҳад. Он парвандаи ҷиноятие, ки оғоз шудааст, ягон асос надорад."

Ба эътиқоди раиси ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, додситони нақлиёти кишвар Қурбоналӣ Муҳаббатов бидуни тасдиқи далоил дар додгоҳ вайро дар қонуншиканӣ ва навоқисе, ки замони раҳбарии раиси собиқи ширкати ҳавопаймоӣ Мирзо Мастонгулов дар солҳои 1993-1999 рух додааст, айбдор мекунад.

Шодимад Мирзоалимов ин айбро, ки тайёра ва чархболҳои ширкати ҳавопаймоӣ бо нархи поинтар аз дигар кишварҳои собиқи шуравӣ ба иҷора дода шудааст, нодуруст хонд. Вай гуфт: " Он маблағҳое, ки ба хазинаи давлат ворид нашудаанд, асосан марбути солҳои 1993-1999 мебошанд. Лекин Муҳаббатов солашро намегуяд, гуё ки ҳозир шуда бошад. Ҳозир ҳамагӣ 1 тайёраи ТУ-154 дар Эрон ва 2 чархбол дар Африқо кор мекунад. "

Додситони нақлиёти Тоҷикистон Қурбоналӣ Муҳаббатов бо ирсоли як нома ба ҳукумати кишвар дар вазифааш боқӣ мондани Шодимад Мирзоалимовро номатлуб хонда, дархост кардааст, то ин масъала мавриди баррасӣ қарор гирад. Аммо Шодимад Мирзоалимов гуфт, ин бори панҷум аст, ки додситони нақлиёт чунин талабро ба ҳукумат пешниҳод мекунад, вале ҳар дафъа ва ҳоло низ ин пешниҳод пазируфта нашудааст.

Аммо парвандаи ширкати ҳавопаймоӣ барои тафтишоти такрорӣ ба ихтиёри додситони кулли кишвар супорида шудааст. Ҳамчунин додситони кулли кишвар фаъолияти додситони нақлиётро мавриди тафтиш ва санҷиш қарор додааст.

XS
SM
MD
LG