Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қотилони Олимпур ва Никулин маҳкум шуданд



Раҳматкарими Давлат



Додгоҳи Олии Тоҷикистон ду нафарро, ки дар қатли Муҳиддини Олимпур, хабарнигори Би Би Си ва Виктор Никулин, хабарнигори телевизиони Русия муттаҳам мешуданд, ба муҳлати 15 ва 22 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳар ду нафари маҳкумшуда аз сарбозони мухолифини собиқ мебошанд.

Маҳмадалӣ Ватанов, қозии Додгоҳи Олии Тоҷикистон мегуяд, ин ду хабарнигор бо дастури яке аз фармондеҳони мухолифини собиқ кушта шудаанд: "Онҳо бо супориши яке аз қумандонҳои мухолифин Нозим Юнусов, ки бо тахаллуси "Эшони Нозим" маъруф буд, соли 1995 Муҳиддини Олимпур ва моҳи марти соли 1996 Виктор Никулинро ба қатл расониданд. Суд ҳамаи далелҳои гунаҳкории онҳоро мавриди таҳқиқу муҳокима қарор дода, бо ҳукми худ Тоҳиров Аҳтамро ба муҳлати 22 сол ва Давлатов Назрибекро ба муҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум кард."

Маҳмадалӣ Ватанов гуфт, куштори ин ду нафар ба фаъолияти хабарнигории онҳо низ вобаста мебошад. Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Ватанов, ду нафари дигар аз шарикони ин ҷиноят бо номи Шоев Хуршед ва Шарифов Насрулло аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон то кунун боздошт нашудаанд ва яке аз онҳо бо номи Шоев Хуршед дар Русия бо гуноҳи дигар боздошт шуда, вале ба ихтиёри Тоҷикистон дода нашудааст. Ҷойи сукунат ва ё хабари зинда будан ё набудани Шарифов Насрулло бошад, барои тафтишот номаълум аст.

Юнусов Нозим, ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон уро фармоишгари аслии куштори ҳар ду хабарнигор эълон кард, низ дар панҷ соли пеш аз ҷониби ашхоси номаълум кушта шуд.

Ба ҳамин тартиб, қазияи пурсарусадои баррасии парвандаи куштори ду хабарнигор ба поён расид, вале ҳамон гуна, ки қозии додгоҳ мегуяд, боз ҳам на ҳамаи омилон ва шарикони ин ҷиноят ошкор ва ангезаи ин куштор маълум шудааст.

XS
SM
MD
LG