Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон бештар арақ менушанд



Саидқосими Қиёмпур

Аммо шумори мухлисони май дар кишвар коҳиш ёфтааст.



Тавлиди машрубот дар Тоҷикистон сол то сол афзоиш меёбад. Хабаргузории Франс Пресс навиштааст, дар ин кишвари мусалмонӣ бо 6 миллион аҳолӣ талабот ба вижа ба арақ зиёд аст. Арақ бори аввал баъди инқилоби коммунистӣ ба Тоҷикистон оварда шуд ва дар давраи шуравӣ дар кишвар чанд корхонаи истеҳсоли шароб бунёд гардид. Аммо баъди истиқлол теъдоди ин корхонаҳо ба 40 адад расид ва дар онҳо наздики 140 навъи арақ тавлид мешавад.

Ба гуфтаи Зокир Каримов, корманди ширкати давлатии "Хурокворӣ", тули шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон ба маблағи наздики 1 миллион доллар арақ истеҳсол шудааст. Тибқи омори расмӣ, соли гузашта сокинони кишвар қариб 3 миллион литр арақ истеъмол намуданд. Ва ин бидуни назардошти тавлидоти корхонаҳое, ки ғайриқонунӣ ба истеҳсоли арақ машғуланд. Ин дар ҳолест, ки маоши миёнаи сокинони Тоҷикистон соли 2002 ум ҳатто 1 доллар дар руз набуд.

Имруз дар мағозаҳои Тоҷикистон анвоъи гуногуни арақро метавон пайдо кард, аз навъҳои арзон то арақҳои бо таъми қаламфуру лиму, ки қиматашон аз дувуним доллар то ба 10 сомонӣ мерасад. Як корманди мағозаи машрубот мегуяд, қариб ҳар руз навъи ҷадиди арақ ба фуруш ворид мешавад.

Ҳарчанд ислом истеъмоли шаробро мамнуъ мекунад, дар Тоҷикистон тую ҷашн ва зодрузро беарақ тасаввур кардан маҳол аст. Ва истеъмоли арақ аз руи таомули славянӣ баъди нушбод сурат мегирад. Дар деҳот, ки нуфузи ислом бештар аст, арақро дар чойникҳо меоранд ва онро дар пиёлаҳо мерезанд. Вале дар маъракаҳои дафн, маросимҳои ёдбуд, дар моҳи Рамазон ва қабл аз ибодат арақ нушидан гуноҳи азим маҳсуб мешавад.

Афзоиши тавлид ва фуруши арақ талабот ба дигар навъҳои машрубот, аз ҷумла, майро коҳиш додааст. Ба вижа, дар ноҳияи Истаравшан, ки маҳсулоти корхонаи шаробпазияш дар давраи шуравӣ аз Ленинград то Владивосток шуҳрат дошт. Он навъҳои машҳури майро имруз дар фурушгоҳҳо пайдо кардан ғайриимкон аст.

XS
SM
MD
LG